АХТАРОНИ АДАБ

– Домулло, ман бояд, ки Назирро ба Балҷувон гирифта барам, аммо ӯ беқувват аст, дармонаш нест. Ӯро як ду ҳафта парвариш кардан лозим, ки андак ба мадору қувват биёяд. Шумо, домулло, ба Назир ҳамин қадар некӣ кардаед, раҳмат, некиатон аз Назир ё аз ман нагардад, аз Худо гардад. Акнун аз шумо илтимос ҳамин, ки домулло, боз як некиро дареғ надореду ягон ҷойи муносиб ёфта диҳед, ман Назирро ба ҳамон ҷо кӯчонам. Ҷойи ба иҷора бошад ҳам майлаш, лекин он қадар қимат набошад. Ман камтар пул дорам, боз мардикорӣ, ҳаммолӣ карда як танга
– ду танга меёбам. Агар Назир боз аз ин зиёд дар он лаҳад шинад, ҷазир мешавад, домулло, мурда мемонад.
– Аҷалаш нарасида бошад, намемурад, – гуфт Мулло Сафар. – Чил сол вабо шавад ҳам, аҷалаш расидагӣ мемурад. Ту ғалатӣ гап мезанӣ, додар: ман ки худам дар ин шаҳр мусофирам, бехонумонам барои Назири ту ҷойро аз куҷо меёбам?
– Охир, шумо, ки мулло бошед, домулло, мардум шуморо иззат мекунанд, гапатонро мегиранд. Магар аз ёру дӯстони мусулмони шумо касе ёфт намешавад, ки як ғариби бечораву дардмандро як ду ҳафта паноҳ диҳад?
– Якта шиносам базӯр ба худам дар ҳамин ҳуҷра паноҳ дод.
Восеъро ғам гирифт. Сарашро пойин андохта фикр мекард, ки чӣ бояд кард. Мулло ҳам ба сукут рафт. Баъд гуфт:
– Хайр, Назирро ба ҳамин ҷо биёр. То ягон ҷойи муносиб ёфтанат вай се–чор рӯз дар ҳамин ҳуҷраи ман хоб карда истад ҳам мешавад.
Восеъ Назирро аз чиллахона бароварда ба ҳаммом бурд; ба сартарош мӯйи ӯро тарошонд. Бо илтимоси вай ҳаммомчӣ барои Назир яктаҳу лозимии нимдошти карбосин ва як ҷомаи алочаи абрастари куҳна оварда дода, аз Восеъ дувоздаҳ танга гирифт.
Сипас мусофирон ба ҳуҷраи Мулло Сафар равон шуданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё