АХТАРОНИ АДАБ

Восеъ бо исрори тарҷумон як дам дар рӯ ба рӯйи сураткаш ором нишасту баъд боз бо чӣ хаёле аз ҷо бархост:
– Садқаат бишавам, тӯра, маро ҳуй кун. Ман намехоҳам.
– Шуд, тамом шуд, – хандид калони даста.
Восеъ ба варақи дафтари ӯ нигоҳ карду дар сурат худро шинохта ба ҳайрат монд: тарҳи рӯйи ӯ бо ришу саллааш айнан кашида шуда буд.
– Урус ҳунараш бисёр аст мегуфтанд, як ҳунарашро акнун худам бо чашмам дидам, – завқ карда хандида гуфт Восеъ.
Ба Самарқанд рӯзи сеюм вақти пешин расиданд. Ба рӯйи ҳавлии як бинои сафед даромаданду дар он ҷо хизматгоронро ҷавоб доданд.
Восеъ панҷсумаи коғазиро дар нӯги миёнбанди карбосии худ маҳкам баста бо ҳамроҳии Йӯлдошбой (шарикхизмати ӯ–мардаки шаҳрисабзӣ номаш Йӯлдошбой буд) равон шуд. Дуяшон ба ҳаммоми маҳаллӣ даромада бо кайфу ҳузури тамом як ду соат оббозӣ карданд.
Восеъ дар Шаҳрисабз ҳам, дар он ҷо ҳам аз ҳарчи зиёдтар ҳаммомро хуш кард. Гармобаҳои сангини гунбазшакл, тоқу равоқдор, дарун ба дарун, гармхонаву сардобадори ин шаҳрҳо, хусусан аз они Самарқанд, ба ҳаммомҳои одии Балҷувону Кӯлоб ҳеҷ ба муқоиса намеомаданд, чунонки масҷиду мадрасаҳои он тарафҳо низ ба масҷиду мадрасаҳои кошинкорӣ, зебо ва бошукӯҳи ин шаҳрҳо баробар шуда наметавонистанд.
Роҳбалад Юлдошбой буд, ки пеш аз ин ҳам чандин бор ба Самарқанд омада буд ва шаҳрро нағз медонист. Дуяшон баъди ҳаммом ба ошхона даромада, бо нонҳои ширину хушгувори сармарқандӣ шикамашонро сер карданду аз он ҷо баромада, дар самоворхона нишаста се–чор чойнак чойи кабуд нӯшиданд. Самоворхона дар паҳлуи мадрасаи Бибихоним воқеъ шуда буд. Бинои боазамати мадраса бо гунбазҳо, манораҳо, тоқу равоқҳои кошинкории дурахшонаш ба ёди Восеъ кӯҳи Чилдухтаронро меовард, ки аз саҳни ҳавлии дараи мухтории ӯ дар тарафи офтоббаро намудор буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё