Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

–Миру ҳоким чӣ зулм карданд, ки ту аз Машриқзамини дур азобу машаққат кашида ба арз омадаӣ?
Фароз гуфт:
–Маро бин, бобо, ман ҳоло сӣ солро ҳам пур накардаам, лекин монанди пири шастсола менамоям. Аз ҷабру зулми ҳоким, раису қозӣ, амлокдору закотчӣ ҳамин хел шудам; тамоми халқ монанди ман аст.
Пирамард ғамгин шуд, аз ҳокиму амалдорон дар ғазаб шуд, гуфт:
–Халифа худи ман ҳастам. Дидӣ, ман халифа бошам ҳам, худам лой меандозам, хишт мерезам; дар бисотам ғайр аз ҳамин яктаҳу ҷомаи куҳна дигар пӯшок надорам.
Ман арзи туро шунидам, ғами фақирони тоҷикро донистам, акнун ман як фармон навишта ба ҳоким мефиристонам, ҳоким ва амалдорон минбаъд ба фуқаро ҷабру зулм намекунанд.
Ба Фароз фармуд:
–Хам шав, писар!
Фароз хам шуд, халифа як хишти тарро ба пушти ӯ монда бо ангушташ ба рӯйи он хишт хат навишт, муҳри худро ба хат пахш карду гуфт:
–Равон шав, писар, ҳамин хиштро бибару ба ҳоким нишон бидеҳ!
Фароз гашта омада хиштро ба ҳоким нишон дод, ҳоким фармони халифаро хонда тарсид, баъд даррав хироҷу закотро кам кард. Тоҷикони фақир сабукбор шуданд, шодӣ карданд, халифаро дуо карданд. Чандин сол осуда зистанд. Умар-халифа аз олам гузашт, ҷойи ӯро халифаҳои дигар гирифтанд; амиру ҳокимон дигар шуданд.
Онҳо хишти халифаро гум карданд ё шикастанд, аз пайи молу дунё шуданд, халқонро ба тоб гирифтанд: пул бидеҳ, ғалла бидеҳ, чорво бидеҳ, аспу улав бидеҳ, карбосу алоча бидеҳ, пӯсти савсор бидеҳ, ғулому каниз бидеҳ, хаси чаптора бидеҳ, мардикори муфта бидеҳ, симу зар бидеҳ, хушку тар бидеҳ, ҳар чӣ дорӣ, бидеҳ!! Оташи ҷабру зулм боло гирифт, забона зад. Халқон сӯхтанд...

пешина
аз 471
навбатӣ