Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Восеъ дар ҳуҷраи он мард, ки оҳангар набуда, балки хумдончӣ–хиштпаз будааст, ҷойгир шуд. Аз аҳли гузар яке ба ӯ ҷомаи алочаи нимдошт, яке яктаҳ, дигаре лозимии карбосин, чаҳорумӣ якто тоқӣ, панҷумӣ рӯмоли миёнбанд оварда доданд. Сартароши гузар мӯйи ӯро тарошид. Ҳамсояҳои дуру наздик ба вай ҳар рӯз нону чой ё ҷурғот, як коса – нимкоса ош меоварданд.
Аз рӯзи дуюм сар карда Восеъ дар ҳуҷра бекор нишаста натавонист, баромада дар хумдон, ки дар берунтари шаҳр буд, ба кори хиштпазу хиштрезҳо ёрӣ дода гашт.
Баъди як ҳафта ӯ як дараҷа ба худ омада, ба ғалладаравӣ киро шуд. Хиштҳо барои як нафар бое, ки дар байни Шаҳрисабзу Китоб заминҳои ғаллакорӣ дошт, аз барои кадом як иморати ӯ рехта мешуданд, Восеъ дар ҳамон заминҳо даравгарӣ кард. Бо ҳамроҳии се нафар мардикори дигар дарави як қитъаи калони ғалларо баҳо карда гирифта, ба кор шурӯъ намуданд.
Даравгарон дар сари замин каппае сохта, дар ҳамон ҷо истиқомат мекарданд; бой барои онҳо ҳар пагоҳӣ нону ҷурғот, нисфирӯзӣ як косагӣ хӯроки гарм мефиристод, бегоҳӣ бошад, худи даравгарон барои худашон оши ярма ё кӯмоч мепухтанд.
Кор дар ҳавои кушод, оби софи чашма, ки даравгарон аз он менӯшиданд, таъсири неки худро расониданд. Саломатии Восеъ рӯ ба беҳбудӣ оварда, қувваташ бо тезӣ барқарор шудан гирифт. Дарав дар даҳ рӯз тамом шуд.
Вақте ки ӯ ба музди кораш ба ҷойи ғалла аз бой бист танга гирифта ба шаҳр баргашт, худро тамоман тандуруст ҳис мекард.
Акнун ба кӯҳистон баргаштан ҳам мумкин. Назири гуреза агар дастгир шудани қотили ҳақиқиро шунавад, албатта, худаш ба Балҷувон гашта меравад.
Восеъ ватанаш ва оилаашро бисёр пазмон шуда буд.
Диёри падарии ӯ, кӯҳҳо, дараҳои обшор ва ҳавои беғубори Балҷувон барояш ҳеҷ гоҳ чунин азизу дилрабо набуданд. Дар шаҳр ӯ ба мардикорони ҳисорӣ, кӯлобӣ, балҷувонӣ вохӯрда, онҳоро як–як оғӯш кард, гӯё, ки бародарони ҳамтани худро дида буд; беихтиёр ба чашмонаш об меомад.

пешина
аз 471
навбатӣ