АХТАРОНИ АДАБ

– Охир, ман чӣ донам, тақсир, баъд аз куштанаш будагист–дия.
– Чӣ тавр донистӣ, ки кушанда Амирқул аст?
Занак ба ин савол ҷавоб надод; ҳунгос зада мегирист.
– Амирқул ба ту гуфт–мӣ? – пурсид раис.
Аъзои бадани Лутфия арақшор гашт, нафасаш танг шуд. Забони ӯ дигар аз гуфтор монда буд. Ҳис мекард, ки ба ин азобу шиканҷа дер тоб оварда наметавонад ва аз ҳуш меравад.
Раис ва миршаб ҳам, дигар ҳозирон ҳам акнун шубҳа надоштанд, ки куштор бо иштироки Лутфия ё худ бо фармоиши ӯ ба вуқӯъ омадааст. Аммо дар ин ҷо боз як масъалаи нав–масъалаи чигунагии муносибати Лутфия ва Амирқул ба миён меомад. Наход, ки занак бо ин хизматгори собиқи худ алоқаи пинҳонӣ дошта бошад? Агар ин исбот шавад, як худи ҳамин барои сангсор кардани Лутфия басандааст.
Раис қарор дод, ки гапро «пӯст канда» гӯяду монад:
– Акнун сукут ва инкор суд надорад. Гуноҳи дуятон ҳам собит шуд. Ту, – раис ба тарафи Лутфия ангушти ишораташро рост кард, – ту бешакку шубҳа шарики қотил ҳастӣ, занак. Шавҳари собиқатро фармуда кушондаӣ.
Раис ва миршаб, ба тавре, ки фақат дуяшон мешуниданд, дар чӣ борае ба гуфтугӯ даромаданд. Дар ин асно Иномҷон, ки ҳамчунин ба ҷинояткор будани занаш яқин карда, дар изтироб афтода буд, фикр мекард, ки: «Лутфия бо ин қотил алоқа доштааст, ҳатто бо вай зино карда бошад ҳам, аҷаб не. Ӯ маро ҳам фиреб дод. Ӯро, албатта, ба дор мекашанд ё сангсор мекунанд. Дар ин сурат ман ангуштнамои мардум нашуда намемонам».
Мардак ногаҳон аз ҷояш ҷаҳида хеста, кордашро аз ғилоф кашида, ба назди Лутфия омад ва бо шасту садама кордро ба шиками ӯ зад. Лутфия овозе набароварда ба як паҳлу ғалтид.
...Амирқулро банд карда ба Бухоро бурданд. Ӯ дар Регистон ба қатл расонида шуд...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё