Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Чаро дарак намедиҳад? Чаро ба назди Амирқул намеояд ё ӯро ба наздаш ҷеғ намезанад? Охир, Амирқул барои ӯ ҷонашро ба каф гирифта шавҳари номаҳбубашро «яктарафа» кард. Магар Лутфия ваъдаашро фаромӯш кард?.. Ё балки аз ваъдааш пушаймон шуд?... Ё ки ваъдааш аслан дурӯғ буд? Макру фиреб буд?
Амирқул аз ин гумони худ ба даҳшат омад. Ба ин гуна фиреб ғалтидан, бозичаи дасти он маккора шудан ба вай аз аҷали муаллақ мудҳиштар буд. Ӯ ин гумонро аз дилаш дур кард.
Лутфияро ҳар навъ карда зудтар дидан лозим, гап задан лозим, вагарна, ӯ, яъне Амирқул девона мешавад ё дилкаф шуда мемирад.
Аммо ӯро чӣ тавр дидан мумкин? Агар Амирқул худаш ба пеши Лутфия равад, аввалан дар он ҷо модари вай ҳаст, укоҳояш ҳастанд, Лутфия аз онҳо ибо карда бо марди номаҳрам танҳо ба танҳо гуфтугӯ нахоҳад кард. Чӣ бояд кард? Амирқул фикр карда чунин тадбире ёфт: ӯ рафта Лутфияро гӯё аз ҷониби духтарони Иноятуллоҳ-бойбача ба ҳавлии онҳо даъват мекунад. Дар ин ҳол агар Лутфия:
«фалонӣ омада туро ҷеғ зада рафт» гӯянд, занак худаш мефаҳмад.
Амирқул ҳамин тавр ҳам кард. Ва баъд шабона даричаи боғро кушода монда мунтазир шуд. Даричаро барои гоҳу бегоҳ баромада аз ҷӯйи калон ба боғ об кушодан дар як кунҷи дури боғ сохта буданд. Лутфия агар ояд, албатта, ба ҳамон тараф меояд.
Лутфия, ки «хараш аз лой гузашта буд», агар имконияти минбаъд бо Амирқул дучор нашудан медошт, ҷон– ҷон мегуфт. Занак ба назди Амирқул омадан намехост, аммо наёмада наметавонист: охир, мардак сирри даҳшатангези ӯро медонад ва ягона шарики ҷинояташ ҳам ӯст.
Тахмини Амирқул дуруст баромад: Лутфия дар торикии шаб ба пушти боғ омад. Аввал аз болои девор ба боғ кулӯхе ҳаво дод ва худро ба пушти бед гирифта мунтазир истод.

пешина
аз 471
навбатӣ