АХТАРОНИ АДАБ

Оқибат ба болои сию панҷ ҳазор танга қарор гирифтанд. Ба шодии Мирзоакрамбой, пули аспи ба тӯраи Ҳисор пешкашшуда низ якуним баробар шуда ба дасти ӯ даромад.
Пагоҳӣ ӯ Восеъро ба назди худ талабид.
Вақте ки Восеъ ба меҳмонхона дохил шуд, дар он ҷо Мирзоакрамбой ва соҳиби хона бо кадом як нақли ғалатии муллобачаи миҷморуқ – домоди соҳиби хона қоҳ–қоҳ хандида, дар болои кӯрпачаҳои ғафс ба лӯлаболиштҳо такя карда нишаста буданд. Дар он ҷо хушнудӣ ва димоғчоқӣ ҳукмфармо буд. Муллобача чой мекашид. Ниёз дастархонро меғундошт.
– Шин, Восеъ, – илтифот кард хӯҷаин ба галабони худ.
Восеъ дар пойгаҳ нишаст. – Акнун дарвоқеъ, ман ҳам, ту ҳам аз аспҳо халос шудем. Ту ҳаққи ҳалолатро аз ман гиру пайи кори худ шав. – Бой аз таги кӯрпачаи атлас коғазпораеро бароварду ба он нигоҳ карда суханашро давом дод: – Ман ҳаққи туро ҳисоб кардам, дигар хароҷоти шудагиро ҳам ҳисоб карда баромадам...
Аз рӯйи ҳисоби ӯ, музди галабон дар ду ҳафта бо чордаҳ сар асп, ҳар сари асп нимтангагӣ, ҷамъ наваду ҳашт танга мешавад. Аммо Восеъ таппончаро дуздонд, баъди ёфт шудани таппонча бой ба миршаб ва одамони ӯ шаст танга хизматона дод. Сониян дар Ғузор ӯ аз ошнояш барои Восеъ ба понздаҳ танга яктаҳу лозимӣ ва чоруқ харид.
Бой Восеъро бо розигии худаш ба галабонӣ киро кард, бояд, ки ҳисоби дуяшон пок бошаду ҳам соҳиби гала ва ҳам галабон коре кунанд, ки ҳаққи яктояшон ба дигарашон наравад, вагарна он ҳақ ҳалолу пок намешавад. Аз ҳамин ваҷҳ, мувофиқи расму таомули мамлакат, бой зиёни бо гуноҳи галабон ба худаш расидаро бояд, ки аз музди кори галабон барорад...
Хӯҷаин ба ҳамин мазмун варсоқӣ карда муқаддимаи дарозе намуд. Баъд аз баровардани маблағи «зиён» ба дасти Восеъ фақат бисту се танга мерасид. Мирзои Қорӣ аз ҳамёнаш як каф тангаро бароварда ба шумурдан сар карду ногаҳон масъалаи аризаи Восеъ ба хотираш расид (ӯ пештар дар роҳ ба Восеъ ваъда дода буд, ки дар бобати бародараш Назир ба номи ҳокими Шаҳрисабз Остонақул– девонбегӣ ариза нависонда медиҳад).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё