Зеҳн
АФСОНА, СУРУДУ ТАРОНА, ТЕЗГЎЯК ВА ЧИСТОНҲО АЗ ЭҶОДИЁТИ ДАҲАНАКИИ ХАЛҚИ ТОҶИК

Падарон, модарон, мураббияҳо ва омўзгорони арҷманд! Шумо акнун аз мутолиаи ҷилди чоруми «Тазкираи адабиёти бачагон», ки он ба эҷодиёти даҳонакии халқамон бахшида шудааст, метавонед лаззати бадеӣ ва зебоӣ бардоред. Дар китобчаи мазкур бо афсона, суруду тарона, бозиҳои тезгўяк ва чистонҳои дилошўб, ки халқи тоҷик дар тўли солҳои зиёде ҳамчун гавҳари ноёб офаридааст, баҳравар мегардед. Ва мутмаинем, ки кўдакони синни томактабӣ ва хонандагони синфҳои ибтидоиро низ бо ин намунаи жанрҳои адабӣ - бадеӣ аз наздик шинос менамоед, то ки хурдсолон ҳам аз ин дурдонаҳои офаридаи халқи хеш бохабар ва баҳравар гарданд.

Валиев Султон · 31 октябри 2024 · 25 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

Чист он, ки аз забон нишон гирад,

Гарданаш дасти хусравон гирад.

Хар киро сар зананд, ҷон бидҳад,

Чун сари он зананд, ҷон гирад?

(Қалам)

Уштур қуланги бедум,

На ҷав хўрад на гандум.

Об хўрад зи дарё,

Бор кашад ба мардум.

(Қатора)

Аспе дорам ҷафокаш,

Обу равған хўрокаш.

Ҷаву алаф нахўрад,

Набошад ҳеҷ озораш.

(Автомобил)

Худаш оҳан, дилаш об,

Аз обаш оташ борад.

Меҳнати ў беҳисоб,

Тиллои сафед орад.

(Трактор)

Паҳлавони тездандон,

Чормех истад дар майдон.

Заминро кобад чаққон,

Бор бардорад он чунон,

Мардум бимонад ҳайрон.

(Экскаватор)

Дидам мурғи оҳанин,

Панҷаҳояш аз резин,

Ҷон надорад, мепарад,

Мехўрад обу бензин.

(Самолёт)

Дар дунё ҳама чиз ҳасту чор чиз нест?

Ҷавоб:

- Осмон сутун надорад,

Ҳавз сарпўш надорад,

Мурғ шир надорад.

Кўрпа остин надорад.

пешина
аз 25