АФСОНА, СУРУДУ ТАРОНА, ТЕЗГЎЯК ВА ЧИСТОНҲО АЗ ЭҶОДИЁТИ ДАҲАНАКИИ ХАЛҚИ ТОҶИК

Падарон, модарон, мураббияҳо ва омўзгорони арҷманд! Шумо акнун аз мутолиаи ҷилди чоруми «Тазкираи адабиёти бачагон», ки он ба эҷодиёти даҳонакии халқамон бахшида шудааст, метавонед лаззати бадеӣ ва зебоӣ бардоред. Дар китобчаи мазкур бо афсона, суруду тарона, бозиҳои тезгўяк ва чистонҳои дилошўб, ки халқи тоҷик дар тўли солҳои зиёде ҳамчун гавҳари ноёб офаридааст, баҳравар мегардед. Ва мутмаинем, ки кўдакони синни томактабӣ ва хонандагони синфҳои ибтидоиро низ бо ин намунаи жанрҳои адабӣ - бадеӣ аз наздик шинос менамоед, то ки хурдсолон ҳам аз ин дурдонаҳои офаридаи халқи хеш бохабар ва баҳравар гарданд.
Валиев Султон · 31 октябри 2024 · 25 саҳифа
ЧИСТОНҲО БАРОИ СИНФҲОИ 3 - 4
Қолини калон дорем,
Афшонда наметавонем.
Тиллои бисёр дорем,
Шумурда наметавонем.
(Осмон ва ситораҳо)
Дар шаби тор нисфи фатиру атрофаш ситоразор.
(Моҳи нопурра ва ситоразор)
Модараш каҷу килеб,
Падараш йўрғабидав,
Духтаракаш бозигар,
Писаракаш овозхон.
(Ҷўй, мавҷи об, моҳӣ ва қурбоққа)
Чист он бесояву бедаст,
Аз кўҳ баланд, аз алаф паст.
(Роҳ)
Як дарахти пур аз гул,
Чор барг, сесаду шасту шаш гул.
(Сол, фаслҳои сол, рўзҳо)
Аз ин дара овоз омад,
Аз он дара овоз омад,
Рўбоҳи думдароз омад,
Бо сад фиғон дартоз омад.
(Сел)
Дуто дорад осмонкўб,
Дуто дорад заминрўб,
Чорто дорад рўғанӣ,
Чорто дорад заминкўб.
(Модагов)
Аз дур дидам як бутта,
Пешаш рафтам, сад бутта.
(Думи асп)
Як порча санги қаҳрабо,
Не дар замин, не дар ҳаво.
(Думбаи гўсфанд)
Аз кўҳ баромад мири ганда,
Сар то қадамаш ҷомаи ҷанда.
(Шер)
Даҳон дораду забон надорад,
Садто бизанӣ, фиғон надорад.
(Моҳӣ)
Тагаш сангу санг нест,
Болош сангу санг нест.
Чор по дорад, гов нест,
Морсару гов нест
(Сангпушт)
Тагаш карбос,
Рўяш алқос,
Думаш қайчӣ,
Забон қайчӣ.
(Фароштурук)
Луғат:
Алқос-рахшанда, ҷилодор.
Омаданаш тир барин,
Шиштанаш мир барин,
Сафедиаш шир барин,
Сиёҳиаш нил барин.
(Акка)
Аз кўҳ баромад мири фаш-фаш,
Дар сар кулоҳ ҷома мунаққаш.
(Шонасарак)
ЛУҒАТ:
Мунаққаш-нақшин, пурнақшу нигор.
Кимсон- чарми навъаш аъло.
Аз қассоб ошно дорад,
Ба баққол равуо дорад,
Чил бача- ба чил чумча,
Чил чумча- ба чил нахўд.
(Орухона)
Аз шах афтад, намешиканад,
Ба тир занед, намерасад.
(Мўр)
Таг-таги долон меравад,
Рўдакашолон меравад.
(Тортанак)
Чист он, чист он, меравад Ҳиндустон,
Бо аспи сиёҳу мўзаҳои кимсон?
(Гамбусак)
Аз кўҳ омад чу масте
Шохчаи гул ба дасте
Мегиряду менолад:
«Вой, кифтакам шикастӣ!»
(Ревоҷ)
Сӣ сандуқ
Сила сандуқ,
Ҳама сандуқ
Ба як сандуқ.
(Пиёз)
Амакам даруни хок,
Ришашон беруни хок.
(Шалғам ё сабзӣ)
Замин заранг аст,
Пистоқиранг аст,
Ҳар кас наёбад,
Марди гаранг аст.
(Бодиринг)
Сандуқчаи зарбандӣ,
Аз боло камарбандӣ.
Ҳай-ҳай дилам мебарад,
Дарунаш шакарбандӣ.
(Харбуза)
Гирд аст гумбазе,
Гирдмагирд аст гумбазе,
Дона ҳазор аст гумбазе,
Дона ҳазор аст гумбазе.
(Тарбуз)

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё