Зеҳн
ҚОИДАҲОИ ИМЛОИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4-уми октябри соли 2019 зимни мулоқот бо намояндагони аҳли зиё, маориф, илм, адаб ва фарҳанг оид ба ислоҳи камбудиву мушкилоти «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» баён доштанд, дар назди Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи кории «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» таъсис дода шудааст.

Китобдор · 9 сентябри 2024 · 12 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ИМЛОИ СИФАТ

  1. Якҷо навишта мешавад:

а) пешвандҳои сифатсози ба-, бар-, бе-, бо-, но-, то-: бомаърифат, бофаросат, бомаслиҳат, баркамол, бебунёд, ноором, ношинос, тоалифбо ва ғ.;

б) сифатҳое, ки аз ибораҳои исмӣ (ҳамроҳӣ, изофӣ, пешояндӣ) бо пасвандҳои -а, -ӣ (-гӣ, -вӣ) сохта шудаанд: панҷсола, умумихалқӣ, байналмилалӣ, хонагӣ, дунявӣ ва ғ.;

в) сифатҳои мураккаб: солхӯрда, некандеш, бадхашм, тезгард, пешқадам ва ғ.

  1. Бо нимтире навишта мешаванд:

а) сифатҳое, ки аз такрори калима сохта шудаанд: ( коғази) рах-рах, (мӯйҳои) тор-тор, (дили) реш-реш, (ҷигари) пора-пора ва ғ.;

б) сифатҳое, ки аз шумораву исм бо пасвандҳои -а, -ӣ (-гӣ) сохта шудаанд: санги 50-грамӣ, нигини 5-қирота, вазни 32-килоӣ ва ғ.;

в) сифатҳои таъкидии навъи заб-зард, каб-кабуд, суп-сурх, сап-сафед, тип-торик ва ғ.;

  1. Ҷудо навишта мешаванд:

а) сифатҳои таркибие, ки бо пайвандаки - у( -ю, -ву) сохта шудаанд: гулҳои сурху сафед, суханҳои пасту баланд, хешовандони дуру наздик, марғзори сабзу хуррам, масъалаҳои иҷтимоию сиёсӣ, корҳои илмию таҳқиқотӣ ва ғ.;

б) сифатҳои ҷуфте, ки бо пешвандҳои ба-, бо-, бе- ва пешвандгунаҳои сер-, пур-, хуш- ва пайвандаки сохта шудаанд: бамеҳру муҳаббат, боақлу фаросат, бедолу дарахт, сершоху барг, пурнозу неъмат, хушобу ҳаво ва ғ.

пешина
аз 12
навбатӣ