Зеҳн
ҚОИДАҲОИ ИМЛОИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4-уми октябри соли 2019 зимни мулоқот бо намояндагони аҳли зиё, маориф, илм, адаб ва фарҳанг оид ба ислоҳи камбудиву мушкилоти «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» баён доштанд, дар назди Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи кории «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» таъсис дода шудааст.

Китобдор · 9 сентябри 2024 · 12 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ИМЛОИ ҲИССАЧА

  1. Якҷо навишта мешаванд:

Ҷузъҳои ҳиссача ва калимаҳои модалии рехтаи навъи зерин: кошки, бигузор (бигзор), мабодо, даркор ва ғ.

  1. Ҷудо навишта мешаванд:

а) ҳиссачаҳои на, фақат, танҳо, гӯё, магар, ҳатто, оё, ҳам, низ аз калимаҳои дигар: На омадед ва на пайғом фиристодед. Ин гапро танҳо (фақат) як кас медонист. Ҳатто баъд аз ҷаласа баҳс идома дошт. Оё (магар) ин кор барои Шумо вазнин нест?. Меҳмон ҳам (низ) бо мо меравад ва ғ.;

б) ҳиссача ва таркибҳои модалии ҳа (ҳо), на (не), оре, бале, биё мон, гӯё ки, шояд ки, равад ки ва ғ.

  1. Бо нимтире навишта мешаванд:

Ҳиссачаҳои -чи, -ку, -а, -да (-дия) пас аз калима: равем-чи, баргардем-чи, рафтед-ку, нагуфтед-ку, напурсидед-ку, наовардед-а, гуфтем-да ва ғ.

ИМЛОИ НИДО

  1. Якҷо навишта мешаванд:

Нидоҳо ва калимаҳои модалии зерин: дареғо, Илоҳо, Худоё, ҳайфо, раве, хезе, гурезе ва ғ.

  1. Ҷудо навишта мешаванд:

Нидоҳои таркибии зерин: сад дареғ!, сад афсӯс!, бисёр афсӯс!, сад ҳайф!, ҳазор тавба!, во дареғо!, ҳай дареғ!, э вой! ва ғ.

  1. Бо нимтире навишта мешаванд:

Нидоҳои такрор: бай-бай, баҳ-баҳ, вай-вай, ҳай-ҳай ва ғ.

ИМЛОИ КАЛИМАҲОИ ТАҚЛИДӢ ВА ТАСВИРӢ

  1. Бо нимтире навишта мешаванд: тақ-тақи дарвоза, шилдир-шилдири об, чак-чаки борон, тиқ-тиқи соат, милт-милти чароғ, ялт-ялти тилло, чир-чири малах, қар-қари зоғ, гулдур-гулдури раъду барқ ва ғ.

Эзоҳ. Ҳангоми бо пасванд навишта шудани ин гуна исмҳо нимтире гузошта намешавад: фирфирак, шаршара, ғарғара ва ғ.

пешина
аз 12