Зеҳн
Латифаҳо

Ин китобча маҷмӯаи латифаҳои кӯтоҳу хандовар барои кӯдакон мебошад. Дар он ҳикоятҳои шӯхиомез оид ба мактаббачагон ва воқеаҳои гуногуни рӯзмарра ҷамъ оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 15 саҳифа

ЛатифаКӯдакон
Аз аввал хондан

Тадқиқотчии Арктида

Кӯдаки шашсола:

  • Падарҷон, вақте ки ман калон шавам, тадқиқотчии Арктида мешавам.
    Падар:
  • Бисёр хуб, писарам.
    Бача:
  • Аммо мехостам, ки аз ҳоло ба машқ сар кунам.
    Падар:
  • Чӣ тавр?
    Бача:
  • Ҳар рӯз барои яхмос як доллар диҳед, то ба хунукӣ тобовар шавам.

Дарси аёнӣ

Муаллим хост дарсро ба таври аёнӣ гузаронад. Ӯ аз бачае пурсид?

  • Чаро дар тирамоҳ падарат қабати дуюми тирезаро боз ба ҷояш мегузорад, Томми?
  • То ки аз гур-гури модарам халос шавад.

Синоним чист?

Муаллим:

  • Роберт, синоним чист?
    Роберт:
  • Синоним калимаест, ки вақти навиштан калимаеро надонем ба ҷои он кор мефармоем.
пешина
аз 15
навбатӣ