Латифаҳо

Ин китобча маҷмӯаи латифаҳои кӯтоҳу хандовар барои кӯдакон мебошад. Дар он ҳикоятҳои шӯхиомез оид ба мактаббачагон ва воқеаҳои гуногуни рӯзмарра ҷамъ оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 15 саҳифа
ЛатифаКӯдакон
Аз аввал хонданТамошобинони хоб
Нозанин ба духтарони кӯча чӣ тавр бо падару модараш ба балет рафтанашро нақл мекард. Яке пурсид:
- Чаро ҳамаи раққосаҳои балет бо нӯги пой роҳ мера- ванд?
- Шояд барои он, ки тамо- шобинонро бедор накунанд, - доной кард Нозанин.
Шарм мекунед?
Писарак аз меҳмони омада савол кард:
- Шумо бо англисӣ гап мезанед?
- Танҳо бо луғат, - табассумку- нон гуфт меҳмон.
- Бо одамон шарм мекунед? - пурсид писарак.
Ҳақ
- Падар, Диловар аз кӯчаи боло маро зад, - шикоят кард Хол.
- Ту ҳам бояд ҳақашро ме- додӣ! - гуфт падар.
- Ман ҳақашро пешакӣ дода будам, - ба хотир овард Хол.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё