Бибигамбусак

Ин китоб як афсонаи халқии тоҷикӣ мебошад, ки барои кӯдакон пешбинӣ шудааст. Он саргузашти ҷолиби қаҳрамони асосиро бо расмҳои рангин нақл мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 6 саҳифа
Рӯзе мири мушон зиёфат додааст. Дӯсти Бибигамбусак - Мушакро ҳам ба зиёфат хабар кардааст. Мушак танҳо рафтан нахоста, Бибигамбусакро низ ҳамроҳаш бурдааст.
-
Ин Мушакро бинанд-а! - гуфтаанд мушакони бои пешгаҳнишин, - ҳамаро монда, бо як гамбусаки бенур ошно шудааст.
-
Ин Мушак ин қадар дӯсти нағз ёфтааст! - гуфтаанд мушакони пойғаҳнишин - мавизи сиёҳ барин, ана рӯи зебою ана чашмони шаҳло.
-
Мушаки бадбахт! - гуфтааст духтари мири мушон, - худаш ҳамин қадар нозанину бо як гамбусаки сип-сиёҳи бадафт дӯст шудааст.
Духтари мири мушон ба дӯстии онҳо рашк карда, Бибигамбусакро бад дида мондааст ва аз пайи нобуд кардани Бибигамбусак афтодааст.
Як рӯз Мушак хӯрокобӣ рафта, Бибигамбусак танҳо монда будааст, ки духтари мири мушон оташгиракро тафсонда, ба таги дар омадаасту овозашро Мушак барин карда гуфтааст:
Дӯстаки меҳрубонам,
Хушдилу хушзабонам,
Мағзу мавиз овардам,
Ҳар гуна чиз овардам,
Тезтар ин ҷо бароед,
Дарро ба ман кушоед.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё