Зеҳн
Бибигамбусак

Ин китоб як афсонаи халқии тоҷикӣ мебошад, ки барои кӯдакон пешбинӣ шудааст. Он саргузашти ҷолиби қаҳрамони асосиро бо расмҳои рангин нақл мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 6 саҳифа

АфсонаКӯдакон
Аз аввал хондан

Хорпуштак пеши роҳи Бибигамбусакро гирифта пурсидааст:
— Ҳа, Бибигамбусак, куҷо рафта истодай?
— Аз танҳоӣ бисёр зиқ шудам, — гуфтааст Бибигамбусак — дӯсткобӣ рафта истодаам.
— Биё, дӯсти ман шаву мон! — таклиф кардааст Хорпуштак. — Хорҳои пушти ман туро аз ҳар хел хавфу хатар нигоҳ медоранд.
— Ман-ку розӣ, — гуфтааст Бибигамбусак — лекин гӯй, ки агар қаҳрат омада монад, чӣ мекунӣ?
— Оҳ, он вақт хорҳоямро ба баданат халонда мегирам, — гуфтааст Хорпуштак хорҳояшро сих карда.
— Не, не, озораму безорам, тоқати ин хел дӯст надорам, — гуфтааст Бибигамбусак ва ба роҳи худ рафтан гирифтааст. Вай боз аз байни сангу кулӯҳ, чӯбу алаф гузашта, таг-таги як хона рафта истода будааст, ки Мушак аз дари хонааш сар бароварда, пурсидааст.
— Ҳа, Бибигамбусак, ин хел фикру хаёл карда, ба куҷо рафта истодаед?
— Дигар тоқати танҳоӣ надорам, — ҷавоб додааст Бибигамбусак — дӯсткобӣ рафта истодаам.
— Ман ҳам дӯсти нағз кофта гашта будам, биёед, набошад, бо ҳам дӯст шавем, — таклиф кардааст Мушак, — шумо хонаи маро мерӯбед, хӯрданиамро саранҷом мекунед, ман бошам, ҳар чӣ-ҳар чӣ ёфта мебиёяму ҳамроҳ хӯрда мегардем.
— Ман-ку не, намегӯям, — гуфтааст Бибигамбусак, — лекин мабодо қаҳратон омада монад, чӣ мекунед?
— Шуморо? — пурсидааст Мушак. — Ҳазор қаҳрам биёд ҳам, фақат бо думакам сила карда мемонам.
— Боби дили ман будед, табъи дили ман будед! — гуфтааст Бибигамбусак хурсанд шуда.

пешина
аз 6
навбатӣ