Зеҳн
Байтал

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, барои хонандагони наврас пешбинӣ шудааст. Он дорои ҳикояҳову қиссаҳо оид ба табиат ва олами ҳайвонот мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 7 саҳифа

КӯдаконАдабиёт
Аз аввал хондан

ПАРАСТУҲОИ СУРУШ

Сурушҷони майдаяк фасли баҳорро дӯст дошт. Хурсанд шуд, ки айёми гулу лола аввалин маротиба бо селаи парастуҳо ошноӣ пайдо кард. Ин паррандаҳои зебо болои хонаи Сурушино чарх зада поёнро хеле тамошо карданд. Сурушҷон ҳайрон-ҳайрон ба онҳо нигоҳ мекард, болзанӣ, сайру гашти паррандаҳо ӯро ба тааҷҷуб овард. Нафаҳмид, ки онҳо барои лонасозӣ ҷоеро ҷустуҷӯ доранд. Ду фароштурук “сурудхонон” дохили хона шуданд гӯё фаҳмиданд, ки Сурушҷон бачаи беозор аст.

Дар ҳақиқат аз омадани парастуҳо Сурушҷон хурсанд шуд, гӯё болу пар баровард, ки тирезаи пешайвонро кушод, то онҳо бемалол парвоз намоянд. Паррандаҳо дар шифти пешайвон лона сохтанд. Сурушҷон ба онҳо одат кард. Ҳар пагоҳӣ пашша, хомӯшак ва дигар ҳашарот дошта дар қуттича ҷой мекарду то бегоҳ ба парастуҳои нав таваллудшуда мехӯронд, ба онҳо об медод.

Ҷӯҷаҳои парастуҳо калонтар шуда парвоз мекардагӣ шуданд. Як ҳафта боз фароштурукчаҳо чик-чиккунон гирди ҳавлӣ парвоз доранд... Онҳо болои симҷӯби кӯча нишаста ба Сурушҷон бо миннатдорӣ менигаристанд.

Парастуҳо намехостанд, ки манзили Сурушҷонро тарк намоянд. Онҳо бо ин писараки доно унс гирифта буданд. Фароштурукчаҳо шодикунон поён парвоз карда гирди сари Сурушҷон чарх зада гӯё мерақсиданд. Ин дам очапарастуи калон пайдо шуда онҳоро наздаш даъват кард. Байни худ ким-чӣ гуфтанду боло париданд. Фароштурукчаҳо ҳеҷ майли рафтан надоштанд, аммо қонуни табиат онҳоро аз рӯи ҳавлӣ торафт дур мебурд.

Сурушҷон бо онҳо хайрухуш дошт, ҳарчанд ҷудоӣ мушкил буд, аммо азм кард, ки то баҳори дигар дӯстони худ - парастуҳоро мунтазир мешавад.

пешина
аз 7