Байтал

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, барои хонандагони наврас пешбинӣ шудааст. Он дорои ҳикояҳову қиссаҳо оид ба табиат ва олами ҳайвонот мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 7 саҳифа
САЙЁД
Аввалҳо ҳамдеҳаамон Шодисайёдро дӯст медоштам. Ҳамин ки ин шикорчии ҷасур ба мо бачаҳо наздик мешуд, хурсандию шодии ҳамсабақон боло мехест. Охир сайёд як нақлу саргузаштҳое мекард, ки мо ҳафтаҳои дароз онро муҳокима мекардем.
Маълум буд, ки Шодиамак дӯстдори табиат, набототу ҳайвонот мебошад. Соатҳои дароз дар бораи кӯҳу камар, набототу ҳайвонот нақлу ҳикояҳои ширин менамуд. Ман хаёл мекардам, ки шикорчӣ бешубҳа дӯстдори табиат мебошад.
Боре Шодиамак маро ҳамроҳаш ба шикор бурд. Ҳини аз бари талу пуштаҳо гузаштан сайёд бепарво менамуд, ӯ чолокона роҳ гашта бехато ҷонваронро ба нишон мегирифт. Ҳини дамгирӣ нақл кард, ки барои мерган шудану бехато ба нишон расондан вай ҳар моҳ мағзи сари ягон заргӯшро ҷӯшонда мехӯрад.
Мана ҳамин хел шикорчӣ шудаам, ки ҳини ба нишон гирифтан дастонам асло намеларзанд. Баъди чанд вақт як заргӯше ба чашм расид. Сайёд дарҳол дикатак нишаста ҷонварро ба нишон гирифта бехато парронд. Ӯ заргӯши ғанимат гирифтаашро пӯст канда мағзи сари онро бо иштиҳо то охир фурӯ бурд. Баъди ин воқеаи даҳшатбор дилам ба тамом аз шикорчӣ монд. Акнун ман ба нақлҳои ӯ дар бораи зебоӣ, табиат боварӣ надоштам. Ҳарзамон пеши назарам ҳамон рӯзи наҳс ба ҷилва меомад. Хаёлам то ҳол шикорчии мағрур мағзи сари заргӯш мехӯрад, то ин ки ҳангоми нишон гирифтан дастонаш наларзанд...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё