Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа
Даҳ-бист нафар марде дар қабое озода ва кулоҳи хоси бухориён, ханҷарҳо ба камар ҳамоил Ҳусайни Аълоро дар миён гирифтаанд. Овозҳо аз ҳар тараф садо медиҳанд ва Ҳусайни Аъло эшонро ором кардан мехоҳад.
Овозҳо аз издиҳом:
- Мо амир Исмоилро дидан мехоҳем.
- Дод мехоҳем.
- Корд ба устухонамон расид.
- Агар ҳукумат қудрати ҳимояти молу мулки моро надорад, пас ба худи мо иҷозат диҳад, ки аз худҳомон ҳимоят кунем.
Ҳусайни Аъло: Калонтари шумо кист? Бигузор ӯ ҳоли шуморо арза дорад. Боқӣ ба хонаҳои хеш баргардида.
Овоз аз издиҳом: То ба арзи мо расидагӣ нашавад, бар-намегардем.
Ҳусайни Аъло: Амирам ҳамаи шуморо бор дода наметавонанд. Аз байни худ калонтаронро интихоб кунед, то ӯ аз шумо намояндагӣ кунад.
Овозҳо аз издиҳом: Абуҷаъфари Солор, Буҷаъфари Солор. Буҷаъфари Солор.
Ҳусайни Аъло: Хоҳиш мекунам, дигарҳотон ба манзилҳои хеш баргардед.
Касе аз ҷояш намеҷунбад.
Ҳусайни Аъло: Шумо ба оромиши шаҳр латма мезанед. Ба деҳҳои хеш баргардед.
Овоз аз издиҳом:
- Мо аз ин фирибҳоро бисёр хурдаем.
- То Амири Одил ба додамон нарасад, ба ҷое намеравем.
Абилҳафс ба назди Ҳусайни Аъло меравад ва дар гӯшаш чизе мегӯяд.
Ҳусайни Аъло: Буҷаъфар бо ман биёяд.
Онҳо дарун мераванд. Абузакриё мушаввашхотирона ба Абилҳафс эътибор надода аз паси Аъло ба қаср медарояд.
Шаб. Андаруни Қалъа
Даҳлезҳои дарозу нимравшани қалъа хилват аст. Танҳо ду шербача, ки имрӯз аз Самарқанд бо хайли амир Исмоил ба Бухоро оварда буданд, даруни қалъа ҳокими мутлақ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё