Зеҳн
Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

меояд.

Абузакриё: Бародарзодаи мо шергир шудаанд.

Абунаср Аҳмадро боло мебардорад, аз ҷабинаш мебӯсад ва боз ба замин мегузорад. Абилҳафс сари ӯро дастмол мекунад.

Абилҳафс: Хайра мақдам, амирзодаам, хуш омаданд, нури дида... Иншооллоҳ дигар тез-тез аз ҳамдигар дидан хоҳем кард.

Абунаср Аҳмад: Дигар устоди ман шумо хоҳед буд?

Абилҳафс: Иншооллоҳ, эшонро бо фиқҳи ҳанафӣ ошно хоҳам кард.

Абунаср Аҳмад: Ман онро фаро гирифтаам.

Ҳама шодмона механданд. Абунаср музтар мемонад ва бо ҳайрат ба онҳо менигарад.

Абилҳафс: Амирам чиро омӯхтан мехоҳанд?

Абунаср Аҳмад: Илми каломро, риёзиёту ҳандасаро, илми ҳарбро... Ҳама чизро донистан мехоҳам. Мехоҳам забони вуҳушро бифаҳмам, то донам, ки чӣ мегӯянд...

Ҳамин замон аз панҷараи қалъа овози зане баланд мешавад, ки Абунаср Аҳмадро фаро мехонад. Абунаср Аҳмад паси дарҳои қалъа нопадид мешавад.

Абилҳафс: Шоҳзода закӣ менамоянд.

Ҳусайни Аъло: Бачае, ки дар ин синн бо шерон бозӣ мекунад, аз назари ҳақ дур наяфтодааст.

Даҳ-бист сарбоз аз қалъа бадар омада ба сӯйи дарвоза медаванд. Мардуми рӯйи ҳавлии қалъа бечавол мешаванд. Ҳусайни Аъло Амир Ҳарасро, ки ҳанӯз ба корфармоӣ машғул буд, ба назди хеш мехонад. Амир Ҳарас коҳилона ба назди онҳо меояд.

Амир Ҳарас: Эшон фармоише доштанд?

Ҳусайни Аъло: Бигӯ, ки беруни дарвоза чӣ мағал аст ва сарбозон ба куҷо шитоб доштанд?

Амир Ҳарас: Бозаргонони Байканд омадани амирамро фаҳмида, ба додхоҳӣ омадаанд.

Абилҳафс: (Ба Ҳусайни Аъло). Биравед, ҳоли воқеаро бифаҳмед ва аз пайи чораи он бишавед. Худо накунад, амирам пеш аз мо хабар ёбанд ва табъашон, ки бе ин ҳам хира аст, боз хиратар шавад.

Ҳусайни Аъло бо шитоб сӯйи дарвозаи қалъа меравад ва Абузакриёву Абилҳафс низ аз паси ӯ.

пешина
аз 675
навбатӣ