Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа
Фотима бо дастҳои пешкашида ба сӯйи падар медавад. Ситораро аз бағали амир Исмоил гирифта, бар синааш мефишорад. Ду сарбоз, ки ҳамеша назди дар ба посбонӣ меистоданд, бонии шерро аз дасти амир гирифта, болои гилем мехобонанд.
Исмоил: Пизишкро биёред!
Фотима (Дар гӯшаи дунёро фаромӯш карда, худ ба худ аст): Ситораи иқболи ман... бахти ман!.. ту осеб надидаӣ? Агар туро шер... забонам лол, ман чӣ мекардам! Натар-сидӣ?
Исмоил: Ӯ бепарво дар бари шер хуфта буд. Гӯё шер ӯро посбонӣ мекард.
Пизишк меояд ва бонии шерро муояна мекунад, ҷароҳа-ташро ташхис медиҳад ва ба захми бозӯяш малҳам мегу-зорад.
Пизишк: Боке нест. Фақат пӯсташ каме захм бардошта-аст.
Исмоил: Ин ҳодиса чун рух дод? Чаро шер раҳо шуд?
Бонии шер аз ҷой хеста, ҷомаашро мепӯшад.
- Наволаи шерро тайёр мекардам. Аз омадани шаҳзода Ситорабону бехабар мондам. Чун садои шер бишнидам, назар афгандам, дидам бо тифл бозӣ мекунад. Эҳтимол дари қафасро бонуи хурдсол боз карда буд. Чун қасди халос сохтани бонуи хурдсол кардам, шер бар ман ғур-рид ва ба китфам панҷа зад. Дигар чизе дар ёдам нест. Аз садои тозиёнаи шоҳам ба худ омадаму дидам: шаҳзода Си-торабону беосеб дар бағали амири шергирам аст ва шер-ро дар қафас меандохтанд.
Исмоил: Бирав. Аз паси қорат бишав, дигар ғафлат ма-кун!
Бонии шер баромада рафт. Амир Исмоил назди духтару наберааш меравад ва Фотимаро тасаллӣ медиҳад. Ӯ ҳанӯз мегирист.
Амир Исмоил: Воҳима накун. Чизе рух надодааст. Ху-дойро шукр, ҳамаш бо инояти парвардигори ҷалла суб-ҳона хуб анҷом ёфт.
Фотима: Ман аз падарҷонам бим доштам. Сад ҷони ман фидои ҷони азизи шумо бод! Тарс доштам, ки аз шер захм набардошта бошанд.
Исмоил: Ин шер барои мо хатар нест. Бирав фарзандам, ором бигир, мабод тарси ту бар фарзандат ориз гардад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор