Зеҳн
Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Танкиш: Шумо аз он бепарво сухан мекунед, ки эшон ҳамкавмони шумоянд ва бар шумоён гузашт мекунанд. Ман ба ин роҳ нахоҳам дод.

Уксуф: Пас чора чист?

Танкиш: Ман аз шумоён мепурсам, ки чора чист?

Марди бо салобати суғдӣ: Мо ду имкон дорем: яке ҷангидан ва дигаре сулҳ кардан. Аз баски мо қудрати дигар ҷангидан надорем, пас маҷбур ба пазируфтани сулҳ мешавем.

Танкиш: Онҳо ҳанӯз ба мо чизе пешниҳод накардаанд.

Марди суғдӣ: Ғолибон чизе пешниҳод намекунанд. Онҳо ҳама масъалаҳоро бо тезии теғашон ҳаллу фасл менамоянд. Аз мост, ки бояд шарту шароити сулҳро пешниҳод намоем. Вале мо медонем, шарту шароите, ки мо пешниҳод менамоем, бо қабули дини эшон хулоса мешавад. Мо барои қабули чунин сулҳи нанговар розӣ нестем.

Уксуф: Аз наҷотдиҳандаи кулли гунаҳкорон битарсед; боми калисо оташ гирифтааст, мардуми шаҳр онро бо як азми азим хомӯш мекунанд.

Марди суғдӣ: Пас чӣ фарқ дорад, ки калисо месӯзад ва ё ба масҷиде табдил мешавад?!

Танкиш: Ин мард он чунон сухан меронад, ки гӯё бо эшон ҳамзабон шуда бошад. Оре, ҳар кадоме аз шумоён дар дил итминон доред, ки ҳамкавмҳоятон бар шумо гузашт хоҳанд намуд.

Марди суғдӣ: Мо низ дар қатори қавми шумо ба асорату бардагӣ бурда шудаем. Ин далел бар дилпурии мо нест. Ва фардо хоҳед дид, ки сарлашкарони эшон аз ин диёр мебошанд, яъне он суғдиёни асиру ба ғуломӣ ба қавми хеш бурда шуда, ҳастанд. Танкиш наметавонад моро дар ин хусус ба хиёнат айбдор намояд. Агар мо бо эшон аз як қавм ҳастем, вале дар дин душманем.

Танкиш: Динҳои шумо аз ҳам бегона нестанд. Исову Муҳаммад аз як қавманд. Вале масъала сари ин нест. Масъала сари бақои мост... Ман шуморо кафил мегирам.

Марди суғдӣ: Яъне гаравгон?!.

Танкиш: Ҳар чӣ мехоҳӣ бифаҳм. (ба Уксуфи аъзам) Дувист деҳқонро, ки акобири дигарон бошанд бо худ бигир... Мо ба мулоқот меравем.

Марди суғдӣ: Пас Танкиш, хоқони турк ба таслим шудан гардан ниҳодааст?!

пешина
аз 675
навбатӣ