Зеҳн
Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

умурро, ман хастагии роҳро...

(Амир Исмоил се бор каф мезанад. Гулом ҳозир мешавад).
Шароби талх!... (Гулом шароб меорад. Пиёлаҳо чанд бор гардиш мекунанд).

Балъамӣ: Амирам аз бехабар омадани ҷаноби олӣ ва умури вилояти Бухороро ба ҳоли худ гузоштан хеле дар ташвишанд.

Амир Исмоил: Фикратонро равшан баён кунед: Амирам аз ин рафтори ман ба хашм омадаанд.

Балъамӣ: Ман инро нагуфтаам. Дар ҳақиқат амир аз ин рафтори шумо розӣ нестанд ва иллати чунин амалро фаҳмидан мехоҳанд.

Амир Исмоил: То фардо сабр мекунем.

Симо-ал-Кабир: Ҷалолатпаноҳ моро маъмур кардаанд.

Амир Исмоил: Қазия аз он чӣ эшон тасаввур мекунанд, мураккабтар аст. Агар ба як ҳарфу ду ҳарф тафсир шавад, аз он маънии исёну ёғигарӣ бармеояд. Мо барои тафсили комили вазъият фардоҳо дорем.

Балъамӣ: Амирам фаҳмидан мехоҳанд...

Амир Исмоил (ба андеша фурӯ меравад. Пас аз гузаштани чандин лаҳза сар боло карда, хаста ва бо овози гирифта мегӯяд):

Хулласи калом, он чӣ онҳо мехоҳанд, ман намехоҳам ва он чӣ ман мехоҳам, онҳо намехоҳанд. Ва ман барои кабудонидани хости худ рисолат надорам. Ман фақат омили хироҷ ҳастам. Ин вазъ наметавонад барои бақои миллат шароит фароҳам созад. Ҳама гуна давлате, ки фоқили андешаи бақои миллат бошад, пойдор нест. Мардуми Бухороро ба мисли бақияи нукоти Ирон аз хеш бегона сохтаанд. Саффориҳо ба ҷуз рақобатҳои сиёсӣ бо хилофат дар ин замина кореро анҷом надодаанд. Ҳатто барои он фурсати андешидан ҳам наёфтаанд. Вазифаи мо дар ин марҳила аз бедор кардани виҷдони таърихии мардум ва аз инҳитоту муташаббеҳшавӣ нигоҳ доштани он аст.

Симо-ал-Кабир: Яъне?

Амир Исмоил: "Ман ташаббаҳа бикавмин фаҳм минҳу"
фармудааст расули Худо. Яъне ҳар кӣ худро ба қавми дигаре шабеҳ созад, дигар ба ҷомеаи худ пайваста нест, ба қавми дигаре вобаста аст, аз решаи худ буридааст, бо худ бегона шудааст, ойинаи дигаре шудааст. Мардуми мо аз Имоми Аъзам ба он сабаб пайравӣ карданд, ки муташаббеҳ

пешина
аз 675
навбатӣ