Зеҳн
Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Қутайба шахристонро аз ин ҷо то Дари Нун тақ-сим кард ва ба РобЕъа ва Мазар дод ва боқии маҳалро ба аҳли Яман.

Амир Исмоил: Пас мардуми бумӣ куҷо шуданд?

Абилҳафс: Чун хонаву чорбоғашонро арабҳо гирифтанд, ба ҷойҳои дигар кӯчиданд ва ободиҳо карданд.

Амир Исмоил: Пас дар ин маҳал аъроб сукунат доранд?

Албатта. Ин ободиҳо ба кӣ писанд нест?! Боз, ки муфт ба даст ояд...

Абилҳафс: Чӣ тавр муфт? Онҳо газо кардаанд...

Амир Исмоил: Оре, газо кардаанд, ҳар ки шарифтар буд, ба бардагӣ бурданд, то ҳайсияташро бишкананд ва доро-ишро, ки ба хоб надидаанд ва манзилашро, ки биҳишт тавсиф шудааст, соҳиб кунанд. Магар барои одаме, ки ба ҷуз хурмо дигар шаҷареро надидааст, ин ҷо биҳишт нест?! Кӣ биҳиштро аз даст додааст?! Мо!

Абилҳафс: Амирам?..

Амир Исмоил: Магар ҳамин тавр нест? Чаро онҳо ната-вонистанд сарзамини муқаддасро ба чунин биҳишт таб-дил диҳанд?.. Он ҷо ҳам ҳамватанони мо биҳишт бунёд мекунанд... Ба онҳо дар Мадина дар ҷанги Хандак чунин биҳиште ваъда шуда буд. Онҳо онро ёфтанд... Бигӯед, ки соҳибони ин биҳиштҳо чӣ кор кунанд?.. Оре, ба мо ҳам ваъда шудааст, аз даргоҳи карами худовандӣ... Аё Салмон!.. Охирин ғариби ин диёр дар кадом биёбон аст? ва барои кӣ биҳишти мавъудро месозад? Шумо бародарони худро дар Басра суроғ кардаед? Онҳо ҳанӯз зиндаанд?

Абилҳафсу Ахмад Исмоили Хаворичӣ ҳайратзада ба Амир Исмоил менигаранд ва даст ба гиребони надомат мебаранд. Вале амир Исмоил онҳоро намебинад. Гӯё онҳо вуҷуд надоранд. Гӯё ӯ ба худо ниёиш мекунад. Аз дарво-заи Нун вориди шахристон мешаванд. Дар тарафи дасти чап Кӯйи Риндон воқеъ шудааст ва аз паси он калисои тар-соён намудор мешавад.

Абилҳафс: Имрӯз ин калисо масҷид аст. Онро масҷиди Банӣ Ҳанзала меноманд. Дар тарафи дасти рост Кӯйи Ва-зир ҷой гирифтааст.

Абулҳафс (ба суханаш идома дода): Ин кӯйро Кӯйи Вазир хонанд ва ҳамчунин Кӯйи Кох номанд. Ва ин вазир Ибни Аюб аст, ки аз сарҳангони Қутайба буд ва падараш аз подшоҳони Бухоро, ки ба дасти Қутайба ислом оварданд.

пешина
аз 675
навбатӣ