Зеҳн
Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Муҳаммадзамони Солеҳ соли 1951 дар деҳи Пардоғи ноҳияи Мастчоҳ ба дунё омадааст.

Дерест, ки дар замини баруманди сухан чун деҳқони асил хомакашӣ мекунад. Офаридаҳои ӯ дар хумдони дил ва зеҳни ӯ чун лаъли музоб гудохта шудаанд. Ин аст, ки дӯстдорони сухан ҳикоя ва повестҳои ӯро бо унвони "Сарви Кашмир" (1984), "Оҳанги шаҳри Ишқ" (1989) ва "Ардовирафнома ё сояҳои шикаста" (Теҳрон, 1992) мутолиа кардаанд. Шеваи навиштор, оҳанги гуфтор, кӯтоҳбаёнии муассир баландғоягии арзиши асарҳои ӯро афзудааст. Хоса дарди бузурги инсон ва ҷомеа дар ҳар асари нависанда бо обу ранги нав таҷаллӣ намудааст. Асотир, фалсафаи хушбинона, маъонии таҳдор, дарди замон ҷавҳари осори ӯст. Ӯ дар насри имрӯзаи мо навпардоз аст: месӯзад ва месозад, то аз суханаш бӯйи хомӣ наояд.

пешина
аз 675
навбатӣ