Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа
Амир Исмоил: Ин ҷо як масъалаи хеле нозук аст, ки онро бояд фарқ кард. Туркҳои кофарро бо аъроби ҷоҳилият қиёс кардан хатост ва ҳатто бо ҳабаша намешавад онҳоро монанд кард. Инҳо ба ҷуз ба сарвату қудрати сиёсӣ ба чизи дигар имон надоранд. Инҳо аслан даъвои ҳукумат карданро фақат барои худ доранд. Онҳо дар ин роҳ аз барда шудан ҳам шарм намедоранд. Онҳо ба пасттарин аъмол, ки як мавҷуди зинда аз он танаффур мекунад, тан ба ризоят медиҳанд, ба умеде, ки бар дилу ҷони шумо раҳ ёбанд ва ба орзуяшон бирасанд. Тарғиби дини Худо кардан дар байни онҳо хатост. Онҳо ҳеҷ гоҳ мусалмон намешаванд, агар шаванд ҳам, боз бо гузаштани фурсате ё дарёфти хостаашон аз он рӯйгардон мешаванд. Агар мо тибқи гуфтаи шумо амал кунем, фақат худро ба амнияти козиб фиреб медиҳем. Мо бояд онҳоро аз ин паҳлӯ ҳеҷ гоҳ аз мадди назар дур нагузорем. Пас илоҷ ин аст, ки онҳоро бо ҷаҳолаташон вогузорем, то шинохтани онҳо бароямон саҳл гардад. Дигар ин, ки онҳоро бояд ба хостгоҳашон баргардонем ва ин сарзамини муқаддасро аз қасофаташон пок нигоҳ дорем. Шамшери мо бояд донад: ба кадом сар фуруд меояд. Дар акси ҳол ахлоқи ҷомеаро ба фасод мерасонем. Магар ин фасодиро дар ҷомеаи Исфиҷобу Хоразму Ҷоч эҳсос накардаед? Онҳоро аз ин хиттаҳо ба дур бояд партофт.
Абулҳафс: Худованди таъоло дар сураи Анкабут фармудааст, ки: “Касоне, ки дар роҳи мо муҷоҳида намоянд, ба роҳҳои худ ҳидояташон хоҳем кард”.
Амир Исмоил: Иннамо баисат, яъне: ман барангехта шудаам.
Фазл: Шоири тавоно Масъуди Марвазӣ дар шеъри гаррое фармудааст:
Муҳолифони ту мӯрон буданд, мор шуданд,
Барор аз сари мӯрони моргашта димор.
Макун диранг аз ин бешу рӯзгор мабар,
Ки аждаҳо шавад, ар рӯзгор ёбад мор.
Амир Исмоил: Оре, дуруст аст. Он гоҳ дер хоҳад шуд. Фарзандони ин марзу бум дар кулфат хоҳанд монд... Мо набояд ба ин чиз роҳ диҳем...
Амир Исмоил ба фикр фурӯ меравад. Аз ваҷоҳаташ бармеояд, ки аз ин вохӯрӣ чандон розӣ нест, вале таҳаммул мекунад. Мулло ас-Сандалӣ Исмоил Хаворичӣ, ки марде

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё