Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа
то мардуми ин вилоят ба ҳар эғвое дода нашаванд, барои як порча нони биринҷӣ ба ҷони ҳам дар наафтанд, сулҳу осоиш барқарор гардад, то мардуми ҷабрдида ба кору бори созандаи хеш баргарданд. Мо фардо якҷоя ин ҳукмро содир мекунем.
Шарвину Шаҳриёр аз назди амир Исмоил омадан ҳамин муродро доштанд, вале хуб шуд, ки худи ӯ ин масъаларо ба миён андохт. Ин ҳамон фурсате буд, ки онҳо метавонистанд амлоки хешро бозситонанд ва аз душмани ҷониву мазҳабии худ қасос бигиранд. Вале ҳадафи амир Исмоил аз ин амал ба ҷанг кашидани Носири Кабир ва муттафиқонаш буд. Мехост бо як тир ду нишон занад. Ӯ медонист, ки Доии Кабир ба ин иҳонат ва хоргирӣ муросо карда наметавонад ва хурӯҷ хоҳад намуд. Ҳамин тавр ҳам шуд. Абӯмуҳаммад Ҳасан ибни Алӣ мулаққаб ба Носири Кабир ба Дайламу Гелон бо шиори хунхоҳӣ аз “Доиюлҳақ” Муҳаммади Зайд хурӯҷ кард. Бо мардуме зиёд рӯй ба Омул ниҳод. Мардуми Омул ба куллӣ гирди амир Исмоил ҷамъ омаданд. Амир Исмоил фарзандаш - Аҳмад ибни Исмоил ва писарамуяш - Абулаббос Абдуллоҳ ибни Муҳаммади Нӯҳро ба масоф фиристод. Исфаҳбад Шаҳриёр писари Подӯсбон ва Шарвин писари Рустам писари Қоран, мисли анъанаи қадим бо сипоҳи хеш дар ҳайати лашкари Абулаббос Абдуллоҳ ибни Муҳаммади Нӯҳ ширкат варзиданд. Лашкарҳо дар мавзеи Фалос ба ҳам расиданд. Сипоҳи Носири Кабир ва муттафиқонаш ҷуз сипару зубин, ки одати қадимаи мардумони Табаристону Дайлам буд, дигар намуд силоҳе ҳам надоштанд. Дар миён ҷангҳои сангину хунине сурат гирифт ва дайламиён ҳазимат шуданд. Носири Кабир бо талаф додани ду ҳазор сарбоз ва падари Мокони Кокӣ ва падари Ҳасани Фирӯзон, ки мулуки Гелону Дайлам буданд, ба Дайламон гурехт. Баъди ин пирӯзӣ дубора тамоми Табаристон мутеи қаламрави Сомониён гардид. Амир Исмоил ин вилоятро ба писари аммааш Абулаббоси Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Нӯҳ ибни Асад, ки “марде бо сирати ҳасана” буд, супурд ва испаҳбад Шаҳриёр ибни Подӯсбонро сипаҳсолору мушовири ӯ таъин кард ва Гургонро ба писараш Аҳмад ибни Исмоил дод ва мулки Шарвин ибни Рустамро баргардонд.
Амир Исмоил чун аз ин ҷониб фориғ шуд ба талаби Муҳаммади Ҳорун ба тарафи Рай ба роҳ афтод ва бузургони шаҳри Омул ба гуселаш баромаданд. Ӯ ҳангоме ки бо фарзандашу

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо