Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа
гирифтанд ва ба дигаре бахшиданд. Он нав ба давлатрасидагон аз эшон пуштибонӣ мекунанд.
Ҳамӯя: Пас вазифаи мост, ки ҳақро ба ҳақдораш қарор диҳем.
Амир Исмоил: Бегуфтугӯ! Вале алҳол эшонро бояд пайдо кунем. Ба эшон одам монед. Ман дар шаҳри Гургон бо онҳо мулоқот кардан мехоҳам. Бо ҳар кадоме аз эшон мулоқоти мустақими сипаҳсолори Хуросон ҳатмист.
Дар ин фармони амир Исмоил бисёр нуктаҳо барои Ҳамӯя ибни Алӣ, ки басо марди фозилу кордон ва донишманду тадбиргар буд, тира менамуд. Чаро амир Исмоил ин корро на ба Абулаббос ибни Муҳаммади Нӯҳ, балки ба зимаи ӯ гузошт. Ҳанӯз касе ба сипаҳсолории Хуросон тасдиқ нашуда буд. Даъвогарон хеле зиёданд. Сараш гич рафта буд, вале дар нимароҳ бароиш рӯшан гардид, ки муроди шоҳи Хуросон чист. Вале ҳанӯз дар хусуси маъмурияти вазири барид чизе бароиш маълум набуд. Нияти шоҳонро ҷуз худованд каси дигаре намедонад.
Амир Исмоил дар Гургону Сорӣ таваккуф накард. Ба Омул омад, вале вориди шаҳр нашуд. Дар мавзеи хушманзари саҳрои Лайконӣ бифармуд ҷодар заданд. Бузургони шаҳр ба мулоқоти ӯ меомаданду мерафтанд, вале амир Исмоил ба эшон эътимод намекард ва аз кирдори Муҳаммади Ҳорун ва содоти алавӣ пурсон мешуд. Вале дар ахбори эшон аз худ вокунише нишон намедод: Фақат ӯ омадааст, ки ҷомаи исиёнро ба мотами Носир бикашад! Кораш дигар тафаххус дар Табаристон буд, то ин ки Ҳамӯя бо испаҳбадони ҷабрдида ба хизматаш расиданд. Амир Исмоил аз Испаҳбад Шаҳриёр писари Подӯсиён ва Испаҳбад Шарвин писари Рустам писари Коран ва бародарзодааш Апарвиз, ки ҳанӯз бар оини аҷдодӣ содиқ монда буданд, хуш пазироӣ кард ва эшонро бо лутфу эҳтиром бинвохт. Эшон ҳанӯз дар Табаристон ҳавохоҳони зиёде доштанд.
Амир Исмоил: Ҷаҳон то ҳаст гирдгардон бувад. Хонадонҳо ба ҳам мерасанд ва боз аз ҳам пароканда мешаванд, боз бо ҳам меоянд. Дар тӯли ин ҳазор сол магар кам будааст, ки хонадонҳои Меҳрону Корану Исфаҳбадон ба ҳам омада бошанду боз аз ҳам дур гардидаанд?! Ва имрӯз ҳам ин се хонадон сари як хон гирд омадаанд, то масъулияташонро, вафодориашонро дар баробари механи хеш нишон диҳанд. Ин сарнавишти мост, сарнавишти ин хонадонҳо!

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо