Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа
бо худованд байъат мекунанд. Дасти худо болои дастҳои онон аст". Ман ба ин далел накзи ваъда кардам.
Фазл: Амиралмуъминин Алӣ дар "Наҳч-ул-балога", фар-мудааст: "На танҳо мусулмонон, балки мушрикон низ вафо ба аҳдро дар миёни худ лозим мешуморанд, чаро ки пайо-мадҳои нобудкунандаи паймоншиканиро дарёфта буданд. Бинобар ин ҳаргиз паймоншиканӣ макун ва дар аҳди худ хиёнат раво мадор ва душманатро фиреб мадеҳ..."
Исмоили Хаворичӣ: Касе, ки ирода мекунад ваъдаеро муҳаққақ намояд, агар ба таври ҷидд ин ирода дар зеҳни ӯ вуҷуд дошта бошад, яъне бояд ба гунае бошад, ки ҳеҷ гуна эҳтимоли хилоф дар он набошад, то дигарон бар он эъти-мод кунанд, ва фарде, ки ба ҷидд чунин иродае дорад, на-метавонад дар айни ҳол ба ҷидд иродаи адами вафо ба ваъдаро дошта бошад.
Амир Исмоил: Ишон гуфтан мехоҳанд, ки иродаи ада-ми вафое, ки мавзӯи адами вафои дигарон аст, зеро бар-гашти он ба ирода ва адами ирода шайъи воҳид аст ва ин як таноқизи ошкор мебошад ва шахсе, ки қасди вафо ба ваъдаи худро надорад, ӯ ба ҷидд иродаи ваъда накарда-аст, балки фақат ба зоҳир ифода мекунад, ки ӯ қасди анҷ-оми ваъдаи худро дорад ва он чӣ ба таври ҷидд ӯ қасд кар-дааст, фириб додани дигарон ва раҳонидани худ аз гириф-торӣ мебошад...
Абилҳафс: Пас таноқиз вуҷуд надорад. Бинобар ин фа-қат як амри мутлақ вуҷуд дорад ва он ин аст, ки фақат бинобар қоидае рафтор бикун, ки мӯҷиби он дар ҳамон ҳол битавонӣ бихоҳӣ, ки он қоида як қонуни куллӣ шавад. Ва ба ҳамин далел аст, ки танҳо амри мутлақ метавонад мабнои ахлоқ бошад ва муттасиф ба унвони қонун гар-дад. Ва танҳо касоне, ки барои таҳаққуқи чунин амре аъмо-ли худро анҷом медиҳанд, ахлоқӣ ҳастанд.
Исмоили Хаворичӣ: Муҳаққақ намудани Хайри Авло мутааллиқи иродаест, бар тибқи қонуни ахлоқӣ рафтор мекунад ва шарти асосии он мувофиқати томи ирода ва қонуни ахлоқист ва ин таъбири дигаре аз Қадосат аст, дар ҳоле ки ҳеҷ мавҷуди оқиле дар олами махсус дар ҳеҷ лаҳза аз вуҷуди худ ба он намерасад. Аз нуктаи назари амалӣ ин як амри зарур аст, пас бояд як масири тараққии доим вуҷуд дошта бошад, то бад-он тавофуки том расид. Ва ин камоли беинтиҳо мумкин нест, магар бо фарзи вуҷуд ва шахсияте барои мавҷуди оқил, ки то бениҳоят боқӣ бошад...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё