Зеҳн
Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Сорбон савор бар ҷамозае бимнок омад. Амир Исмоил аз хашм беқарор буд. Тайёр буд хашми хешро бар сари ӯ бирезад. Сорбон худгумкардаву музтариб менамуд.

Амир Исмоил: Шутури ман дар киштзори мусумонон чӣ мекунад?!

Сорбон (бо ҳарос): Ба арвоҳи падарам савганд ин шутур аз дӯш боз рамидааст. Ва ман то акнун дар талаби ӯ будам.

Амир Исмоил: Ба ҳар ҷо ки адлу инсоф нест, он ҷо дӯзах аст! Агар ин бедод аз шоҳ бошад, Худо худаш нигоҳ дорад! Ин бор узратро пазируфтам. Мувоҷиби кори хеш бош. Соҳиби киштзорро биёваред.

Ӯро оварданд. Аз тарс меларзид.

Амир Исмоил: Шутури ман дар киштзори ту рафта харобӣ кардааст.

Зореъ: Медидам.

Амир Исмоил: Пас чаро монеъ нашудӣ, ки ба киштзорат харобӣ наёварад?

Зореъ: Дар ӯ доғи шоҳамро шинохтам ва ҷуръат накардам, ки онро аз киштзор берун кунам.

Амир Исмоил (ба ҳамроҳонаш менигарад): Ал-амон, аз зулми шоҳон ал-амон! Муртакиб шумо мешавед, вале назди Худованд маро мебояд ҷавоб гуфт. (ба Зореъ) Зарареро, ки шутури мо дар киштзорат овардааст, баён кун.

Зореъ: Ман хушбахтии хеш мешуморам, ки шутури шоҳи Хуросон ба киштзори ман даромадааст.

Амир Исмоил (лабханд мезанад): Замини киштат бисёр аст, ки ин қадар валиниъматӣ мекунӣ?

Зореъ: Фақат ҳамин.

Амир Исмоил: Дигар манбаи таъмини рӯзгоратро дорӣ?

Зореъ: Не, амирам.

Амир Исмоил: Ту фақат ҳамин мулк дорӣ, вале шоҳи Хуросон коргузорони бисёр. Агар эшон ҳар кадоме чунин харобӣ ба мулки раоё оваранд, чун мешавад?

Зореъ музтару хомӯш мемонад.

Амир Исмоил: Кишвар хароб мешавад! Ман назди Худованд ҷавоб медиҳам, ки ба ҳангоми аморати ман, бо гуноҳи ходимони ман фарзандони фалонӣ ибни фалон гуруснагӣ кашиданд. Агар ту гузашт мекунӣ, ман наметавонам. Ҷавоби як қатра ашки фарзанди ту барои ман мушкил

пешина
аз 675
навбатӣ