Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа
ба ҳузураш намедиҳад. Исмоил ибни Аҳмад чизи дигар мехоҳаст! Тираш хок хӯрд! Тоҳир аз ин моҷаро қасди дигар дорад. Дигар ӯ аз паи ин баҳона мегардад. Ин баҳона дигар асорати ҷаддаш дар сиёҳчоли Мӯътазид хоҳад буд! Ман ин баҳонаро ба ту нахоҳам дод! Тифли ширхора! Мехоҳад аз роҳи аҷдодаш биравад. Ман ба ту фурсат нахоҳам дод, то бар ошӯбӣ, исён кунӣ! Дигар ибтикори ту аз худат вобаста нахоҳад буд. Дигар халифа маҷбур аст ҷуръати фавқулодаи фотеҳи Хуросонро эътироф намояд ва оромишу осудагии қисмати аъзами ҷаҳони исломро аз ӯ вобаста бидонад. Дигар ба ӯ аз дари мадоро муросо мебояд кард. Оре, дигар ӯ маҷбур аст, ки хостҳояшро бипазирад. Дигар чора надорад. Алавиёни Табаристон сар бардоштаанд. Фардо Тоҳир ибни Муҳаммад ба додхоҳии ҷаддаш алам хоҳад барафрошт. Мағриб ноором аст... Ғуломони турк аз тамаъ кулуфт шудаанд. Бе тамаъ бар байтулмол коре намекунанд: деҳ хӯранд - зан муранд! Ин тангчашмони гурусна серӣ надоранд!.
Амри Лайси Саффориро меоранд. Халифа сарашро аз болин бардошта хастахолона ба ӯ менигарад. Ҳанӯз викори шоҳона аз ваҷоҳаташ нарафтааст. Забунбинии Бадри ғулом назди ин шаҳомату викор ночизу беранг менамоянд. Бадр зону мезанад ва дасти ларзони амиралмӯъмининро бӯсидан мехоҳад, вале Мӯътазид бо кароҳат дасташро кашида мегирад. Ӯ аз Амр чашмдор аст, ки ба пояш афтода пӯзиш металабад. Вале Амри Лайс чун сутунҳои тахти Ҷамшед шукӯҳманду бепарвост. Дақиқаҳо тӯл мекашиданд, амиралмӯъминин интизор мекашид, вале Амри Лайс ҳамчунин орому бовиқор буд. Агар гузашт менамуд, тибқи чашмдошти халифа амал мекард, шояд аз гуноҳаш мегузашт, ӯро мебахшид. Вале халифа аз забонаш ҳатто ҳарфе нашунид. Бар ӯ хашм гирифт.
Мӯътазид: Алҳамдулиллоҳ, ки шарри ту кифоят шуд ва дилҳо аз шуғли ту фориғ гашт.
Амри Лайс аз худ вокунише нишон надод, ҳамчунон шукӯҳманду бовиқор буд.
Мӯътазид: Ӯро ба зиндон баред!
Бадр: Ӯро бибояд кушт, ки ӯро тамаъ аз мамлакат ҳама ҷаҳон аст. Набояд бар ҷаҳон касе бимонад ки бар амиралмӯъминин вал муслимин бузургӣ ёрад кард.
Мӯътазид: Ин мард бузург аст андар ислом ва кас андар

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо