Зеҳн
Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа

АдабиётТаърих
Аз аввал хондан

аспи Ҳафс ибни Умар наздиктар мебарад.

Амри Лайс: Мебояст аз роҳи дигар ба Заранҷ мерафтӣ! Дар Ниҳ интизор намешудем. Ҳанӯз ҳам дер нест. Аспатро баргардон, то Заранҷ бидавон!

Ҳафс ибни Умар: Ашнос пай хоҳад бурд. Ва шумо роҳро ба бероҳа хоҳед рафт.

Амри Лайс: Ту фикри роҳро накун. Ман ҳастам! Ишонро ба Ниҳ хоҳам расонд.

Ҳафс ибни Умар: Амирам лаҳзае бо худ нестанд. Сангинии роҳ ишонро хаставу парешон сохтааст.

Дар Ниҳ чора хоҳем ҷуст, то ғулом аз асрори мо огоҳ нагардад. Манзил қариб мондааст. Сабр мебояд кард.

Амри Лайс: Сабр мебояд кард! Тфу...- Ҳанӯз дар даҳонаш рег боқӣ мондааст ва зери дандонаш садо мебарорад, ғаш меоварад, гӯё чизи андаҳеро бар забон бурда бошад. - Оре, дуруст мегӯй. Эҳтиёт мебояд кард! Манзил наздик мондааст. Тфу! - Рег дар кому забонаш часпидааст! Кому даҳонаш хушкидааст! Ин аз оташи иштиёқ аст. Ин аз ташнагии дидор аст! - Тфу!..

Ва дигар то ба Ниҳ фақат туфи дар даҳонаш набударо ба рӯйи бод партоб мекунад.

Офтоб дар дили дашт фурӯ меравад. Шабаҳи соягуни шаҳраки Ниҳ намудор мегардад. Мусофирон беҳолона хурсандии худро буруз медиҳанд.

Амри Лайс: Зудтар ба назди шаҳрдор сарбозеро бояд фиристод, то омадани моро ба ӯ хабар диҳад.

Ҳафс ибни Умар: Ба чӣ хотир?

Амри Лайс: Ман меоям! Тадоруки пазироиро бубинад.

Ҳафс ибни Умар: Аз омадани амирам касе бояд хабар наёбад. Магар фаромӯш кардаед, ки шумо дигар асири амиралмӯъминин ҳастед?

Амри Лайс ба воқеияти зиндагии худ бармегардад, маҳзун мешавад. Бо андӯҳи бузург мегӯяд:

  • Охир, ба ободӣ мерасем. Тадорук бояд дид.

Ҳафс ибни Умар: Бигзор сари Ашнаси ғулом дард кунад. Ӯ масъули роҳ аст.

Амри Лайс: Дар воқеъ дуруст мегӯӣ. Гӯё гоҳ аз гоҳ ҳавосам меравад, ки будан, куҷо буданамро фаромӯш мекунам. Шояд аз пирист?.. Пирӣ ҳам бар ман чира шудааст. Гузашти замон бегумон бар мо асари хешро мегузорад. Вагарна

пешина
аз 675
навбатӣ