Зеҳн
Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

гардид.” Амир Исмоил: Чаро бародари мо хомӯшанд?
Муҳаммади Нӯҳ: Ман мехостам бифаҳмам, ки шоҳам чӣ мушкиле доранд. Худоро шукр мекунам, ки ҷанобашонро ба мисли ҳамешагӣ мебинам.
Амир Исмоил: Бародари мо ё нисбат ба мо беэътино шудаанд ва ё мисли ҳамеша дар мо нанигаристаанд. Ман пинҳон намекунам. Имрӯз бузургтарин мушкиле бар сарам омадааст ва намедонам чӣ сон онро ҳал намоям.
Муҳаммади Нӯҳ: Он чӣ мушкил аст?
Амир Исмоил: Амри Лайс! Ман наметавонам ба ӯ рӯ ба рӯ оям ва дар чашмонаш бингарам. Назди ӯ шарманда ҳастам! Аз ӯ шармам меояд, ки натавонистам ӯро аз шарри Бағдод эмин дорам. Ҳарчанд дар ин амр ман гуноҳе надорам. Ӯ худ исрор варзид. Вале бехабарон қазияро баръакс талаққӣ хоҳанд намуд. Яъне ман нахостам! Худо шоҳид, ман ҳамчунон нияте надоштаму ҳанӯз ҳам надорам. Агар имрӯз ҳам аз раъяш баргардад, ман дар қавли хеш содиқ мемонам. - Амир Исмоил ин лаҳзаҳо ҳузури Шаҳбону ва фарзандашро, ки лаҳзае чанд аз ёд бурда буд, эҳсос мекунад. - Аз Шаҳбону маъзарат мехоҳам. Агар бо ман дигар коре надоранд, мехостам бо бародарам Муҳаммад дар хилват машварат намоям.
Шаҳбону ва Абунаср Аҳмад баромада мераванд. Амир Исмоил баъди рафтани онҳо суханонашро дунбола мекунад: - Он ҷо чизеро аз ман мехоҳанд, ки хилофи мантиқ аст. Ба як кишвар ду шоҳ намеғунҷад! Шояд дар марҳилаҳои аввал созишу муросо ба вуҷуд ояд, вале табиати инсонро намешавад ҳамеша дар лаҷом нигоҳ дошт. Ӯ рӯзе даъво хоҳад кард; нооромиву хунрезӣҳо оғоз хоҳанд шуд; мардум нодору заиф хоҳанд гардид. Ман ин чизро намехоҳам. Ва онҳое, ки ӯро ба ин тараф тела медиҳанд, инро намефаҳманд ва агар мефаҳманд нисбат ба мо нияти нек надоранд ва рафторашон муғризона аст. Амри Лайсро гумроҳ кардаанд ва ё ин пирамард аз ақл бегона шудаасту чун кӯдакон меандешад. Пас бигӯ, чора чист, ман чӣ бояд бикунам?
Муҳаммади Нӯҳ: Шояд ӯ умедвор аст, ки Бағдод дар адои он ҳама хизматҳояш сарашро дастмол мекунад ва чун санги зери бағал нигоҳ медорад ва дар як рӯзе, ҳамин ки шоҳам барои халифа нодаркор шуданд, онро партоб мекунад.

пешина
аз 675
навбатӣ