Зеҳн
Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Амир Исмоил: Дуруст, ба дарбор мардони фарзона гирд омадаанд. Вале ман худ бояд кори оғоз кардаамро ба поён расонам. Мутмаин шавам, ки кори ман поён ёфтааст, мақсади ман иҷро шудааст. Кори ман ҳанӯз анҷом наёфтааст. Маслиҳати шумо ҳанӯз нобаҳангом аст, барвақт аст... Хастагии ман мегузарад. Бонуи ман, фарзанди ман, бародари ман мутмаин бошанд, ман ҳанӯз қувва ва қудрати дар худ рафъ кардани хастагиро дорам. Он чи дигарон шумо ба ташвиш андохтаанд, дурӯғ аст. Ман дар воқеъ чизеро мебинаму мешунавам, ки дигарон аз идроки он маҳруманд, оҷизанд, бебаҳраанд.. Хоҳиш мекунам, дар хусуси ман мутмаин бошед.

Тасвирҳои бесари деворҳо ба Иброҳим дар Навбаҳор сухан гуфтанд: “Бемаргӣ ёфта шуд! Дарвозаҳои бемаргӣ кушода шудаанд!” Ӯ ҷома дарид ва аз ин дарвозаҳо Балхро тарк гуфт. Сар дар биёбони беобу бегиёҳи Арабистон ниҳод. Ҳама роҳ ин сухан чун овози табле дар гӯшаш садо медод. Саранҷом ба ҷое дар қалби биёбон расид, ки дигар онро нашунид. Сарашро таккон дод, гӯшашро тоза кард, вале чизе аз он овозро дигар нашунид. Гӯё кар шуда буд! Дигар роҳро гум кард, гӯё кӯр шуда буд. Саргардон дар биёбони беобу бегиёҳ мегашт, роҳ бероҳа мерафт...

Дарвозаҳо имрӯз аз Бухоро кушода шудаанд! Ин Иброҳим роҳро мешиносад, ҳанӯз ба бероҳа нарафтааст. Худро наҷот додан рӯшангарӣ нест. Ҷангалистони анбӯҳу пурбим ва торику ваҳшатзоро, ки беруни ин дарвозаҳост, бояд рӯшан кард.

— Шумо ҳарфе аз ин тасвирҳои мақтулу бе сару по шунидаед? Оё ин овози рӯшану бедоргарро ки аз хилоли ин суратҳо, аз қабати деворҳо ба мисли оби чашмасорон бо садои фораму гуворо берун метарованд, мешунавед? Оё медонед, ки чаро ин нилуфарҳои сурху сафед, гулобӣ ба қаъри ҳавз хазидаанд ва майли буруз намекунанд? Онҳо ин садоро шунидаанду мешунаванд: “Дарвозаҳои бемаргӣ кушода шуданд! Бемаргӣ ёфта шуд!” Ин тасвирҳо имрӯз аз забони ман ҳарф мезананд. Ин дарвозаҳо имрӯз аз Бухоро кушода шудаанд! Ва ман масъулам, ки ин каррону кӯрон аз ин дарвозаҳо ба бероҳа нараванд. Масъулияти як шунаванда ин садоҳоро ин каломро нишон додани сироти мустақим аст. Бурдан ба сироти мустақим аст расондан ба сироти мустақим аст! Он гоҳ аст, ки ман масъулияти хешро ба поён расондаам, он гоҳ аст, ки дигаронро

пешина
аз 675
навбатӣ