Зеҳн
Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

ва таваккал барои ту мекунам. Эй Аҳад, эй Воҳид,эй фард, ки туро мислу ҷинсу шабеҳ набошад, эй фард ба зот, ки зоти ту ба ҳеч зот намонад, эй дар ато фард, ки дар карам фард, ки беистиҳқоқ ато диҳӣ, эй дар ғуфрон фард, ки бешумор омӯрзӣ, эй дар накуй фард, ки бе эҳтиёт андаке бипазирӣ; эй дар ҷабборӣ фард, ки ҳамаро бишканӣ, эй дар малаки фард, ки ҳама малакон ба малаки ту малаканд ва ту бо малаку бемалак малакӣ, эй дар моликӣ фард, ки ҳама моликон ба мулк маликанд ва ту бе мулк моликӣ, эй самад, эй ки ҳамаро ба ту ҳоҷат буваду туро ба кас ҳоҷат на, эй бениёз, эй қадим, ки туро аввалу оғоз набошад, эй олим ба илм; эй қодир ба қудрат; эй ҳай, эй боқӣ, билниҳоя, эй азали азалҳо, эй сайиди ҳафт осмону ҳафт замин, эй бе халқ холиқ, эй раҳмон фид-дунё ва эй раҳим фил-охират, эй мурид ба иродати қадим, эй хоҳо, эй ба зоти хеш ҳаким, эй розиқ, эй рауф, эй мутакаббир, эй бузург бо худ, эй мавсуф ба ҳарчи худро бад-он васф кунӣ, эй мусаммо ба ҳар чӣ худро бад-он ном диҳӣ...

Ва зери дарахти бузурге парандагону чарандагон гирд омадаанд ва шере бузург гирдогирди ишон мечархад...
Ва шоҳине азим аз тори ин дарахти осмонсой ба парвоз меояд, болҳояш ҳама ҷо соя меафкананд...

Ва моҳие азим бар дарёи муҳит шиновар аст...
Ва гове азим заминро сари шохи заррин гирифтаасту бар моҳӣ шиновар аст...
Ва ҳафт осмон дар гардиш...

Ва ин ҷаҳон аз карон то карон дар зеҳн нопадид, акл дар шинохташ тифли безабон, нотавон...

Эй Аҳмад, ман натавонистам ин достонро то ба поён бароят тавзеҳ диҳам.... Шояд он замон фурсат надоштем, вале имрӯз фурсат рафтааст. Ту бузург шудаӣ. Он муғи китобдор ҳам намондааст. Ва ин дарахти азим ҳам пажмурдааст, ин хазандагону чарандагон решаҳои онро макидаанд, хойиданд. Парандагон аз шохсоронаш паридаанду ба аксои олам фирор кардаанд...

Ва Симурғи шохсораш ба зеҳнҳо кӯч бастааст...
Ва Ҷамшед худовандро аз офариниши хеш хиҷил гардондааст...
Ва Нӯҳ худоро пушаймон сохтаст...

Дигар шабушкҳо ба боли малахҳо лона кардаанду ишон
аз парвоз мондаанд, коҳил шудаанд... Чун чӯгиён расолати

пешина
аз 675
навбатӣ