Зеҳн
Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Ҳамон рӯзе, ки лашкар ба Тоҳир байъат намуду вазорат ба Шахфур гузашт, ӯ ба халифа Муътазид ва Убайдуллоҳ бинни Сулаймон аз асирии Амр хабар фиристод. Субкарӣ Тоҳирро таҳти таъсир даровард, лашкарро бар хеш мутеъ сохт ва кулли умурро ба даст гирифт. Аз вазорат ёфтани Аҳмад бинни Шахфур розӣ набуд, бинобар ин касди барканории ӯ намуд ва дар ин ҷой номзадии Абдуллоҳ бинни Муҳаммад бинни Миколро пешбарӣ мекард. Кор ба ҷое расид, ки Субкарӣ касди куштани писарони Шахфур Аҳмад ва Муҳаммадро дар сар мепарварад.

Амри Лайс бо тааҷҷуб ба нақли Ҳафс гӯш медиҳад гоҳ аз гоҳ лабханд мезанад, хашм мегирад, тамасхромез табассум мекунад.

Амр: Хуш, хуш, басо аҷиб аст!

Ҳафс: Шахфур ба Буст, ба бародараш Муҳаммад дар номае ба исрор такозо менамояд, ки ба марказ биёяд. Ӯ худ вазоратро идора хоҳад кард ва ӯ сипаҳсолор хоҳад шуд. Вале Муҳаммад ҷавоби рад мефиристад, ки “дар чунин замонаи бесарусомон як ҷо будани онҳо аз рӯйи ақли солим нест. Дуруст он аст, ки ман дар Буст бимонам ва ту дар Сиистон, баъд маълум хоҳад шуд. Алҳол давлат рӯ ба сӯйи завол дорад.” Вале Аҳмад Тоҳирро ба ҷону ҳолаш нагузошта маҷбур менамояд, ки барои Муҳаммад нома нависад ва хоҳиши ӯро тасдиқ созад. Муҳаммад иҷборан ба Сиистон омад. Тоҳир аз ӯ хуш истиқбол намуд ва бо меҳрубониҳову ҳадоёи зиёде ин иқдомашро қадрдонӣ кард. Муҳаммад бинни Шахфур сипоҳсолориро напазируфт. Он гоҳ маҷбур шуданд, ки Субкариро аз пойтахт дур кунанд.

Амр: Пас ин номаро кӣ навишт? Кӣ “Аҳмад ва Муҳаммад - писарони Шахфур ва Муҳаммад ибни Ҳамдон бар ин подшоҳӣ муставлӣ гаштанд ва аз ишон он фасод омад андар вилоят ва хазина ки натвон гуфт, ки то мо ҷаҳд кардем то наҳси ишон баргирифта шуд. Акнун ҷаҳд кунем бар асари он чӣ хоста бифиристем”.

Ҳафс: Ибни Микол.

Амр: Равшантар ҳарф бизан, ман чизе дарнамеёбам.

Ҳафс аз дилтангӣ Амри Лайс дасту по мехӯрад.

Амр: Саросема машав, ин ҷо каси дигаре нест. Батафсил бигӯй.

Ҳафс (ҳанӯз дар овозаи изтироб мушоҳида мешавад): Ман ҳамчунон ки амирам такозо дорад, амал кардаам.

пешина
аз 675
навбатӣ