Зеҳн
Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

монд. Ин хонадон дар андак замоне дар заминҳои таҳти тасаллуташон ба пешрафтҳои чашмгире ноил гардиданд. Силаҳшӯранд.

Деҳқони 1: Бино бар шуниди ман, амир Исмоил ҳанӯз ҷавон аст.

Абилҳафс: Бале. Хеле ҷавон, вале ботадбиру дониш, худотарсу боодоб.

Деҳқони 2: Васфи ишонро дар ҷангҳо бо куффори турк бисёр кардаанд, ки далеру нотарс саҳнасозу ҷабҳашикан.

Абилҳафс: Агар васфи ишонро кунем, рӯз ба поён мерасаду ба оғоз намерасем. Сифати ӯ бе мухобот аст.

Онҳо бо наздик шудан ба қароргоҳи Амир Исмоил аз аспҳо пиёда мешаванд. Амир Исмоил бо Фазлу Яхё ва чанд нафар афсар ба пешвози онҳо мераванд.

Абилҳафс: Бухоро пешкаш.

Амир Исмоил Абилҳафсро оғӯш мегирад ва бо бақияи аҳли рикоби ӯ дастфишорӣ мекунад.

Абилҳафс: Умедворам, ки ин чанд рӯз ҳеҷ чизе боиси нороҳатии амирам нашудааст. Ба фазлу марҳамати худо корҳо ҳамааш хуб анҷом ёфт.

Амир Исмоил: Лутфу марҳамати устод бузург аст.

Абилҳафс: Ғулув мекунанд, амирам.

Амир Исмоил: Ҳоли мо ҷои ғулуве надорад. Муваффақияти мо натиҷаи фазлу камоли устод буд.

Абилҳафс: Бузургию тадбири амирам бо як шаҳр рақобат мекунад. Ман хеле сарфарозам, ки амири Вароруд шуморо ба намояндагии хеш фиристодаанд. Дар ҳақиқат ин боиси ифтихори мост. Ҳарчанд мо дар Бухоро ҳастем, вале аз далерию кишваркушоии амирам ва газавоти ишон огоҳем. Бори дигар мегӯям: Бухоро пешкаш. Иншооллоҳ Бухоро дар шахсияти шумо ба мустаҳкамтарин қалъа табдил меёбад.

Амир Исмоил: Дар сояи фазлу баракати шумо.

Абилҳафс: Агар амирам омода бошанд, ба роҳ меафтем. Бухоро интизори амири хеш аст...

БУХОРО

Сипоҳиёни савораи амири Сомонӣ аз ду тарафи роҳ саф

пешина
аз 675
навбатӣ