Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа
хине, ки дар назди кӯшк аз асп пиёда мешавад ва бародарашро ба оғӯш мекашад, бо як эҳсоси пур аз дард мегӯяд:
- Басо хаста шудаам, эътироз накун, бародар, ман мефаҳмам, ки ту чӣ гуфтан мехоҳӣ: “Ту ҳаққи хаста шудан надорӣ!” Ман худам ҳам медонам, вале чӣ илоҷ?
Ва аз зери каши Абуғоним дошта вориди кӯшк мешавад. Ӯ ин лаҳзаҳо тамоми дунёро бо як ҷӯръа майи талх иваз кардан мехост. Вале ҳайҳот, он чунон, ки дунёро иваз кардан намешавад, ба ҳамон андоза баровардани хостаҳояш барояш мушкил аст.
- Зиндагӣ барои як инсон, инсони вораста бисёр мушкил аст.
Ҳомид: Магар худи эшон боиси ин мушкилӣ нестанд?
Амир Исмоил: Дар акси ҳол Офариниш бемаъно мебуд.
Ҳомид: Пас шиква кардан ҳам бемаънову бехуда аст.
Амир Исмоил: Дуруст мегӯӣ, бародари ман. Шиква назди бедардон низ мушкил аст.
Механдад ва бар китфи Абуғоним тап-тап мезанад, ки ин ҳарфҳо шӯхӣ буд.
Амир Исмоил (ба Ҳоҷиб): Мо соате хилват менишинем.
Ӯ дигар ҳузури ҳоҷиби сароро фаромӯш мекунад ва бо бародараш хилват мегузинад.
Амир Исмоил: Хуш, Амри Лайс бо мӯътамади мо чӣ пайгоме фиристодааст, ки эшон аз шодӣ ба бесабрӣ расидаанд?
Абуғоним Ҳомид: Ҳасоили шоҳам бар вай таъсири инфиолии жарфе бар ҷой гузоштааст ва нафасе бе санои эшон намекашад. Ӯ аз рафтори худ пушаймон шудааст ва дар қиболи шоҳам худро шарманда эҳсос менамояд. (Ва аз ҷойбаш бозубандеро берун гирифта ба амир Исмоил дароз мекунад). Ӯ ин бозубандро ба ман доду гуфт: Амир Исмоилро аз ҷониби мо хизмат расон ва бигӯй, ки : “мешунавам, ки лашкарат бенавост. Ин нусхаи ганҷҳои ман асту бародарам. Ҳамон беҳтар, ки ин мол ба бандагони ту оид гардад, то эшонро сӯҳбате бошад”.
Амир Исмоил аз хашм ба ноҳости Абуғоним ба суръат бармехезад ва бар ӯ бонг мезанад:
- Тӯтиғагарони худобехабар! Гумонҳо дуруст баромад. Бозгард ва ин нусха ба ӯ боз деҳ ва бигӯ: Исмоил мегӯяд “аз ғояти дониш мехоҳӣ ки бар аҳли хирад фузунӣ ҷӯйӣ?! Туро ва бародаратро ин ҳама ганҷу дафина аз куҷо ҳосил

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё