Зеҳн
Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Пирамард: Моргазида аз ресмони ало метарсад. Мардум аз тохтутозу ғорат ва футуҳоти мутааддиди бегонагон нотавон шудаанд, ҳар чи доштанд, ба ғорат доданд ва имрӯз аз ҷону номуси хеш метарсанд.

Амир Исмоил: Магар сипоҳиёни мо дари хонаеро задаанд ва ё дастдарозӣ ба меваи боғе кардаанд?

Пирамард: На.

Амир Исмоил: Пас ба мардуми шаҳр итминон диҳед, ки сипоҳи амир Исмоили Сомонӣ ин ҷо паи ғорату куштор наёмадааст, балки мехоҳад ба ин хиттаи чафокашидаи кишвар ва мардуми зулмдидаи он сулҳу оромиш бахшад, то ишон минбаъд тавонанд бе тарсу ҳарос кору зиндагӣ кунанд, кишвари ҳосилхезро ободону хуррам гардонанд. Ҳеҷ кас аз сипоҳиёни мо чашм ба молу мулки ишон, ба аёли ишон нахоҳад баст. Ба мардум бирасонед: Амир Исмоили Сомонӣ аз ин баъд ба замони амони шумо хоҳад буд. Ман ин замонатро дар ҳузури ин ҷанобон медиҳам... Боз чӣ мушкиле доред? Бифармоед... Шояд дигар фурсате барои расиданӣ ба масоили мардуми ин шаҳр наёбем. Ҳарчанд худам хоҳишмандам, ки ба ҳар фарди ин диёр сӯҳбат кунам. Зеро медонам, онҳо имкони бо ман аз гирифториҳоишон сӯҳбат карданро намеёбанд, балки ба ишон чунин имконеро намедиҳанд.

Пирамард: Ҷуз иқболи шоҳам дигар таманное надорем.

Амир Исмоил: Афсӯс, ки дар чунин шароит тангдастӣ мекашам. Вагарна ба мардуми шаҳр кӯмак мерасондем. Вале умедворам ишон худ мушкилоташонро рафъ хоҳанд намуд.

Пирамард: Давлати шоҳам понда бод ва сояи адлашонро ҳеҷ гоҳ аз сари мо дур магардонод! Мо дигар музоҳими адолатпаноҳ намешавем.

Ва пирамард замини иззи шоҳро мебӯсад ва ҳамроҳонаш аз ӯ пайравӣ мекунанд. Амир Исмоил аз дунболи ишон то ба назди дари хуруҷӣ меояд. Пирамард бори охир таъзим карда меравад. Шоҳ ба ҷойгоҳи хеш бармегардад.

Амири Исмоил: Зинҳор, зинҳор ба моли мардум дастдарозӣ накунед! Ба ҳар амале, ки шумо бар мардум раво медоред, фардо дар рӯзи Ҳисоб ман ҷавоб хоҳам гуфт.

Ҳамӯя: Вале ман гумон мекунам, ки амонномаи амирам нобаҳангом буд, зеро...

Амир Исмоил (ба хашм омада): Алҳол ман чӣ карданамро

пешина
аз 675
навбатӣ