Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа
басо аз тарафи хокимони нав ба давлат расидаи хеш ҷабру ноадолатиҳо дидаанд. Ин талаби моро ба ҳар сарбози сипоҳ бирасонед. Қуззот низ бо шумо хоҳанд буд. Фақат адолат аст, ки мардум аз мо ҷонибдорӣ мекунанд. Барандозандаи ҳама қудратҳо зулм аст!
БАЛХ
Сипоҳиёни Амри Лайс шаҳристони Балхро ишғол намуданд. Шаҳр дорои қалъаи мустаҳкам бо бораҳои баланд буд ва гирд бар гирд хандак дошт. Амири саффорӣ дар шористон ҷой гирифт.
Амри Лайс: Ба хандаки шаҳристон об сар диҳед. Сипоҳро гирд бар гирди хандак рада бандед. Ба мардуми шористон бифаҳмонед: Мо омадаем, ки эшонро ҳимоят кунем! Шоиот паҳн созед, ки амири Сомонӣ касеро амон нахоҳад дод ва ягона роҳи наҷот дар муқобилаш ҷангидан ва дасташро аз зулм кӯтоҳ кардан аст!
Сарбозон бораҳои шористонро мустаҳкам мекарданд. Гурӯҳе манҷаниқҳову арродаҳоро дар ҷониби дарвозаи Алиобод рост менамуданд. Боқии сипоҳи Амри Лайс гирдогирди хандаки шористон радда баста буданд ва интизории ҳамлаи душманро мекашиданд. Амри Лайс тамоми ин муддат дар миёни лашкариёнаш мегашт ва дар баъзе корҳо, ки медид мувофиқи табъи дилаш нест, ба ишон маслиҳатҳо медод. Дар ҳамин вақт наберааш Тоҳир ба дохили шористон даромад ва якҳӯ худро ба бобояш расонид.
Амри Лайс: Чӣ хабар?
Тоҳир: Лашкари амир Исмоил дишаб ба Алиобод фуруд омадааст.
Амри Лайс: Мувозиби ӯ бошед, то ба мисли пеш ғофилгир нашавем. Лашкарро дилдиҳӣ кунед. Аз Гургону Тахористон чӣ хабар аст?
Тоҳир: Ҳанӯз хабаре аз он ҷониб нест. Мегӯянд, ки лашкари Сомонӣ тамоми роҳҳоро ба Балх бастааст.
Амри Лайс: Айёрону ҷосусонро ба кор андозед. Мо набояд як нафас аз кори ӯ ғофил бимонем. Қувваи асосиро ба ҷониби роҳи Алиобод интиқол диҳед. Ҳамаи арродаҳо ва манҷаниқҳоро ба ҳамон тараф кашонед.
Сипоҳи савораву саропо мусаллаҳи Амри Лайси Саффорӣ ба тарафи роҳи Алиобод кашонида мешавад. Сарони

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё