Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа
Ӯ худ толиби чунин фарҷом буд. Як кишвар ба ду подшоҳ танг аст! Ӯ рӯйгарзодаи айёр аст, маро ҳафт пушт ба шоҳони ин сарзамин пайванд аст.
Ва дар зеҳнаш суруди ҳамсароии хусравонӣ садо медиҳад ва он манзараҳоро мебинад. Ӯ худ савори пил аст. Ӯ худ Баҳроми Варҷованд аст.
“Кай бавод, ки ойод Пайке аз ҳиндугон Ки пиҳ аст ҳазор Абар сарон аст пилбон Ки оростаг драфш доред Пад эвен ки хусравон...”
Аз як гӯшаи қаср садои доду фарёдҳо баланд мешавад.
Исмоил (ба сӯйи фарёдҳо гӯш фаро дода): Бифаҳм, чӣ шуда?
Ҳоҷиб меравад, вале ҳеҷ нест, ки садои фарёдҳои тарсолуд қатъ гарданд. Амир Исмоил ба ташвиш меафтад.
Садоҳо аз ҷониби ҳарамсаро меоянд.
Ҳоҷиб бо ранги парида, бо тарсу ларз ворид мешавад.
Амир Исмоил: Бигӯ, чӣ ҳодиса? Ин магалҳо чист?
Ҳоҷиб: Шер раҳо шудааст!
Исмоил: Чӣ?!
Ҳоҷиб: Набераи амирам дар боғ танҳост. Ҳеҷ кас аз ҳайбати шер ҷуръати берун омадан намекунад...
Духтари шоҳ Фотима рӯйкану мӯйкан давон ворид мешавад. Ва бо гиряву нола, овози гирифта фарёд мезанад.
Фотима: Падарҷон, ба имдодам бирас, Ситора дар коми шер аст!
Исмоил: Бонии шер куҷост?!!
Фотима: Касе намедонад. Падарҷон, ба имдодам бирасед!
Исмоил (Фарёд мезанад): Тозиёна!...
Ва бо шитоб аз боргоҳ бадар меравад. Бо гузаштани лаҳзаҳои дилгири интизорӣ ҳоҷиб шодмон фарёд мезанад.
Ҳоҷиб: Амирам меоянд! Худойро шукри беҳад... шукри беҳад худойро!...
Амир Исмоил дар лаб табассум ва Ситора дар бағал ва бо дасти чап аз зери камари бонии шер гирифта, пайдо меояд.
Фотима: Ситора!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё