Зеҳн
Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

кардан мехоҳад! Хомтамаъ! Як кӯдак дунёро ба бозӣ андохтааст!... Баргард ба халифа Мӯътази бирасон, ки амир Исмоил мегӯяд: Ту ба муродат расидӣ... Эй Амри Лайс ин пиндор, ки бар сари хомат мепарварӣ, аз димогат барорам!

Ҳанӯз шафақ зард нашуда, амир Исмоил ҷойномазашро ҷамъ мекунад ва ба назди сипоҳи хеш мебарояд. Асиронро ба як саф кашидаанд. Амир Исмоил ҳар кадомеро хилъат мепӯшонад ва бо меҳр бар китфаш тап-тап мезанад.

Амир Исмоил: Ба амири худ бирасонед, Исмоил бинни Аҳмад қасди ту надорад. Ин ҳаво аз сар бадар кун.

Ва асирон сӯйи Нишобур равон мешаванд.

Амири Исмоил бо лашкари худ ба Бухоро бармегардад...

Амри Лайси Сафқорӣ аз хабари шикасти лашкараш ба хашм омадааст ва чӣ кор карданашро намедонад. Мисли мурғи пойсухта қарор надорад. Дар ҳамин вақт Билоли Азҳар ба наздиш медарояд. Амр чун шери захмӣ ба сӯяш ҳамла меоварад.

  • Шармандагӣ! Исмоили бараҳна лашкари саропо мусаллаҳи саффориро шикаст додааст!

Азҳар: Амир Исмоил ба Бухоро баргаштааст...

Амри Лайс: Э кош, ба Нишобур неомад, то корро яксара мекард. Маълум шуд, ки мо ба ҷои лашкар хукҳои парвоиро нигоҳ доштаем. Бешарафҳо!... Албатта, онҳо он чунон фарбеҳ шудаанд, ки... Сарони лашкар чӣ мехоҳанд? Онҳо ҳарфашонро бо амир Исмоил гуфтанд. Ман аз рӯйи ишон безорам. Ин сари расвоиро ба куҷо метавон зад... Дунё ин қадар танг аст! Э кош замин мекафиду моро фурӯ мебурд, то чунин рӯзеро намедидем...

Муҳаммад бинни Лайс ворид мешавад. Амри Лайс ба сӯйи ӯ ҳамла мебарад.

  • Ту зинда ҳастӣ!? Боз ба кадом рӯ назди ман омадаӣ... Чӣ ҷуръати густохонае! Ва ё хиёнат ҳамчунон берӯй аст! Ва ё пушт ба майдон кардан ҳам мардонагист?!

Муҳаммади Лайс: Иқрор шудан бар заифии худ низ мардонагист.

Амри Лайс: Бо кадом ҷуръат ин ҳарфҳоро мезанӣ палишт!

пешина
аз 675
навбатӣ