Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа
Сулаймони вазир аз дунболи ӯ меравад. Зоирин аз ин рафтори амиралмӯъминин гич мемонанд. Ҳоҷиби халифа Ҷаъфар бинни Баглогиз дар баробари ишон ҳангму манг мемонад.
Ҷаъфар: Зоирини мӯҳтарам маъзур доранд, умури давлатӣ...Амиралмӯъминин аз зиёдии умури давлатӣ натавонистанд аз ҷанобон он чунон, ки шоистаи шаъни хоҷагон аст, пазироӣ намоянд... Маъзур...
Ӯ низ аҷулан аз дунболи ишон меравад. Зоирин кохро тарк мекунанд.
Мӯътазид: Худо шоҳид, ризои ман нест!
Амиралмӯъминин тумори куброро ба як сӯ ҳаво медиҳад. Убайдуллоҳ бинни Сулаймон оҷулона онро аз замин мебардорад. Дар ҳамин вақт Ҷаъфар ворид мешавад.
Мӯътазид: Қаллоши қалилалбақо! Дузд! Рӯйгарзодаи бадасл! Паст!... Ман касеро дидан намехоҳам! Дафъ шавед.
Убайдуллоҳ бинни Сулаймон ва Ҷаъфари ҳоҷиб аз назди амиралмӯъминин таҳқиршуда бадар мераванд ва ба дабирхонаи хилофат, ки ҷои кори Убайдуллоҳ буд, ворид мешаванд. Убайдуллоҳ аз токча чанд номаро мегирад.
Убайдуллоҳ: Ин маншури Мовароуннаҳр. Ин нома барои халифа Муктафӣ алӣ бинни Мӯътазид ва Абдуллоҳ бинни Сулаймон. Боқии дастурро аз Рай хоҳӣ гирифт. Метавонӣ ҳоли ҳозир ба роҳ бароӣ. Худо нигаҳдор.
Убайдуллоҳ бинни Сулаймон, ки то ба ҳол ҳузури дабирашро пай набурда буд, аз диданаш шод мешавад ва ҳузури Ҷаъфари ҳоҷибро фаромӯш мекунад.
Убайдуллоҳ: Лутф фармоянд, ва Ашнаси ғуломро пайдо намоянд.
Сухани вазир ғайри чашмдошти худаш таҳқиромезу нешдор садо медиҳад. Дабир озурдаҳолона “ба чашм” гӯён аз назари вазир худро нопадид месозад. Убайдуллоҳ, ки сухани дабирашро аз ғояти пастӣ нашнида буд, ба ҳайрат ӯро бо нигоҳаш гусел мекунад ва худ ба худ меандешад: “Худованд оқибаташро ба хайр гардонад!”.
Амри Лайс: Мо аз амиралмӯъминин талаби ҳадоё кардаем? Корвони халифаро пас баргардонед. Тақозои мо маншури ҳукумати Мовароуннаҳр аст.
Шаҳфур: Магар ин рафтори амирамро ҳамчун ихонат

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё