Зеҳн
Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

паҳлӯяш нишон медиҳад). Солҳо тез мегузаранд. Дирӯз ту кӯдак будӣ, худойро шукр, чӣ тавр ба камол расидай, мо бехабар мондаем. Вақте модарат қазияро барои ман гуфт, хеле мабҳут шудам. (Духтар аз хиҷолат сар поин меова-рад)

Бузургтарин сарвате, ки инсон онро бо меҳнати хеш ба даст меоварад ва ҳеҷ гоҳ коста намешавад ва ҳамеша ме-афзояд ва боз некномию ҷовидодагӣ ба ҳамроҳ дорад, до-ниш аст. Мобақӣ ҳама чирки даст аст, бебақост ва аз роҳҳои номатлуб андӯхта мешавад ва зудояндаи осоиш, мояи ғафлат аст. Ман гумон мекунам, фарзанди мо мефах-мад ки ғарази мо чист? (Духтар бо аломати ризо сар хам мекунад)

Фарзанди мо дар зиндагии хеш эҳтиёҷманд нахоҳад шуд, ба ҷуз ташкили як оилаи саодатманд. Ин чиз ба худи ту вобаста аст. Ҳеҷ чиз дар дунё ба осоишу оромиши оилави баробар нест. Биҳишту дузахи инсон маҳз аз оила манша мегирад. Ман умедворам, фарзанди мо тибқи гузаштаго-ни худ амал мекунанд ва фарзандони оқилу доно, далеру паҳлавон, хубу зеборо тарбият менамояд... Агар ту худ чизи дигаре мехоҳӣ, бифармо, мо хилофи раъйи ту амал нахоҳем кард.

Духтар: Ман ҳеҷ гоҳ аз ёд набурдаам, ки кистам ва дар ин зиндагии чандрӯза масъулиятам чист. Бинобарин ҳар ҳукмеро аз ҷониби падари бузургворам барои худ саодат мешуморам, зеро медонам, ки волидон ҳамеша толиби хушбахтии фарзандони хешанд.

Амир Исмоил: Пас ман мехоҳам, фарзанди мо ба Имом Ҳофизаддин писари Хоҷа Юнуси Бухороӣ, ки ҷавони до-нишманду шуҷоъ аст, ризоят диҳад. Ӯро дидай?.

Духтар: Не. Шунидаам...

Амир Исмоил: Пас модаратро бигӯй назди ман ояд.

Духтар таъзимкунон баромада меравад. Чанде нагузаш-та Шаҳбону меояд.

Амир Исмоил: Ба Хоҷа Юнуси Бухороӣ бифаҳмон, ки хостгор бифиристад...

Шаҳбону: Охир, ӯ як толибилм аст! Ин чӣ тур мешавад?

Амир Исмоил: Мо хушбахтии фарзанди худро мехоҳем, на сарватманд шудани ӯро. Ӯ молики бузургтарин сарват аст, ки ҳеҷ дорое онро надорад ва ба он муҳтоҷ аст. Тоҷи ифтихори инсон хирад аст, на моли дунё! Ҳама чиз тороҷ

пешина
аз 675
навбатӣ