Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа
ва тадбири саҳнасозӣ ва ғалабаҳои шумо сухан мегӯянд. Аллакай ин авсоф онҳоро дар саҳнасозӣ дар баробари шумо дилсарду ноумед гардондааст.
Амир Исмоил чанд лаҳзае хомӯш мемонад. Ва ба суръат аз хайма берун меравад. Фазл ва Закриё аз пасаш ба берун медаванд. Амир Исмоил савори аспи сафед ба сӯи хуршеди ғуруб метозад ва аз назарҳо ғоиб мешавад. Дар он ҷое, ки амир Исмоил нопадид мешавад, аробаҳои алаф пайдо мегарданд. Дигар хиргаҳ ба ҷунбиш афтодааст. Матбаҳиҳо ба пухтупаз машғуланд. Чанд сарбоз ба холӣ кардани алафи аробаҳо гумошта мешаванд. Дар айни ин долу зарб амир Исмоил меояд пиёда, аз пештар хастатар, андӯҳгину андешаманд. Аспашро дар тавила мебандад ва як пояк по ба сӯйи хаймааш меравад. Фазл бинни Аҳмади Марвазӣ бо ташвиш аз пешаш мебарояд.
Амир Исмоил: Басо рӯзи дарозу дилгир шуд. Хастаам, чунон хастагие, ки...
Фазл: Шоҳам даме истироҳат кунанд.
Амир Исмоил: Ё Абулфазл, ку фурсате? Агар чунин фурсате ҳам бошад, мо онро надорем. Чорае бояд ҷӯст. Чорае, ки ҳам лаъл ба даст ояд ҳам ёр наранҷад.
Аз сӯйи Кармина садои азони намози шом меояд. Офтоб дар паси саҳроҳои Бухоро фурӯ рафта буд ва уфуқ ба ранги лолаи тоза менамуд. Амир Исмоил ба хаймаи худ медарояд. Фазл аз паи кори худ меравад. Сарбозон барои иҷрои намоз саф мекашанд. Ҳама интизори амир Исмоиланд, то ба мисли ҳамеша имоматӣ кунад. Вале ӯ аз хаймааш берун намеояд. Фазл пас аз диранге ба пешнамоз мегузарад.
Баъди намоз, ҳангоме ки Фазл ба хаймаи амир Исмоил медарояд, ӯ ҳанӯз сари ҷойи намоз аст. Бо даромадани Фазл ӯ “салом” дода, мехезад.
Амир Исмоил: Абузакриё Яҳё куҷост?
Фазл: Ишон ҳоло меоянд.
Ғуломони турк хӯроки шомро меоранд. Дере нагузашта, Абузакриё Яҳё низ меояд.
Яҳё: Дар ҳақиқат рӯз хеле дарозу дилгир буд.
Амир Исмоил: Акнун кӯтоҳ мешавад. Бифармоед, меҳрубон бошед (Пас аз чанд луқма хӯрдан). Фардо, субҳи барвақт шумо ҳамчун расули мо ба назди Ҳусайн бинни Муҳаммади Хавориҷӣ меравед. Ба ӯ бо мулоимат мефаҳмонед, ки қасди мо ҷангу харобӣ нест. Мо мехоҳем кишвари

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё