Зеҳн
Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

дода буданд, ҳамлаи сареъ бурданд ва онҳоро маҷбур ба таслим шудан карданд. Дар майдони даргирӣ ҳеҷ ҷодаре ба пой намонда буд: ё сӯхта буд ва ё даридаву афтода. Ва аз ҷои бисёр ҷодарҳо, аз тудаи хокистари онҳо ҳанӯз дуд ба осмон мепечид. Занону кӯдакони ваҳшатзада гунгу карахт назди гулханҳои хомӯшгаштаи ҷодарҳояшон нишаста буданд. Майдон пур аз наъши мардони онҳо буд. Ғозиён аз миёни асирон ҷавондухтарону писарбачаҳои солимро дасту по баста, ба ақибгоҳ мефиристоданд ва чизу ҷораи солиммонда, говону аспонро ба ақибгоҳ мефиристоданд ва манҷаникашонро дар муқобили шаҳр устувор месохтанд.

Қарлукҳое, ки ҳеҷ лоиқ ба асорат бурдан набуданд ба ҷамъоварии мурдагони хеш гуморида мешуданд ва майдонро аз наъши азизони худ пок месохтанд.

Нокуси калисо якмаром садо медод. Амир Исмоил бар аспи сафеди хеш болои гаревае истода буд ва ба шаҳру майдони ҷанг назора мекард.

Амир Исмоил: Чаро Ҳамӯя бинни Алӣ таъҳир мекунад?

Ҳанӯз ӯ суханонашро ба поён нарасонда буд, ки манҷаникҳо ба сӯйи шаҳр сангу нафт партоб намуданд. Бо гузаштани фосилае чунин ба назар менамуд, ки гӯё аз осмон бар сари Тироз сангу оташ меборад. Шаҳр ҷо-ҷо оташ мегирифт. Ва сарбозони болои бораҳо маҷоли сар бардоштану тир партоб кардан намеёфтанд.

Сарбозони Симо-ал-Кабир роҳи вуруди обро ба дохили ҳисори шаҳр баста буданд ва дигар тир меандохтанд.

Қасри Танкиш

Танкиш бо деҳқонони шаҳр, ки ағлаб суғдиёнанд ва уксуфи аъзами калисо Хуршеддин пури Хурмуздофарид маҷлис дорад.

Танкиш: Шаҳр месӯзад, об нест. Мардумони ман дар хориҷи шаҳр ҳама талаф шуданд. Ва шумо ва шаҳри шумо низ амон нахоҳад ёфт. Шумоён бо ишон ҳамкавм ҳастед, илоҷи корро ёбед.

Уксуф: Ба ҷуз таслими ишон шудан илоҷи дигаре нест.

Танкиш бо итоб ва хашм ба сӯйи уксуф менигарад, вале ӯ ба хашми шоҳи туркон эътибор намедиҳад.

Ускуф: Лашкари шумо беруни шаҳр мунҳазим шуд.

пешина
аз 675
навбатӣ