Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа
хавфтовар намешавад?
Амир Исмоил: Агар онҳоро фаҳмонед, мефаҳманд... Дигар ҳеҷ чиз аз шумо пӯшида нест: амал кунед?
Хоҷаи Бузург: Акнун, ки фикр мекунам, амирам дар ниятшоу ормонҳои хеш собитқадам будаанд. Он вақтҳо орзуи амирамро ман фақат як хаёлпарастии ҷавонӣ пиндошта будам. Ва ҳатто...
Амир Исмоил: Ва ҳатто чӣ?
Хоҷаи Бузург: Ва ҳатто зери дил хандида будам. Онҳо механданд, баланд механданд ва хандаи онҳо тамоми дашту саҳроро фаро мегирад. Аспҳо мераманд, мурғон аз шоҳсор мепаранд ва аз дурҳо овози ҳамхонии мардум шунида мешавад. Сарбозон аз дунболи аспҳои рамхӯрда медаванд...
Ва ҷорчиёни амир Исмоил дар саросари кишвар мардумро ба ғазавот даъват менамоянд...
БА СӮИ ТИРОЗ
Лашкари азим иборат аз савора, ки асосан мардуми маҳаллӣ ҳастанд, аз Бухоро хориҷ мешаванд. Дар садри ин лашкар амир Исмоил нишастааст ва бародаронаш Исҳоку Яҳё аз ду бараш ва дигар бузургони лашкар як қади асп аз онҳо пастар мераванд. Дар масири роҳ дастаҳои нав ба нави ғозиён бо онҳо ҳамроҳ мешаванд ва амир Исмоил то ба Самарқанд расидан соҳиби шаш ҳазор ғозии савора мешавад.
Дар даромадгоҳи шаҳр Аҳмад бинни Наср бо бузургони Самарқанд ба пешвози амири Мовароуннаҳр мебарояд. Амир Исмоил лашкарро дар беруни шаҳр нигоҳ дошта, худаш бо дигар бузургони лашкар ба шаҳр ворид мешавад.
САМАРҚАНД
Боргоҳи амир Аҳмад вазъи идона дорад. Амир Исмоил бо бузургони лашкараш сари дастурхони меҳмонӣ нишастаанд.
Аҳмад бинни Наср: Амирамро барои дарёфти маншури ҳукумати Вароруд муборакбод мегӯем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё