Зеҳн
Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа

АдабиётТаърих
Аз аввал хондан

лашқари эълом мекунам... Ҳамӯя бинни Алӣ бо ман ҳамроҳӣ мекунанд. Амир Абӯяъқуб Исҳоқ бо сипоҳиёни хеш пеши роҳи биёбонро мегиранд. Пеш аз он ки амир Наср ба Кармина ворид шаванд, мо бояд дар Тавовис бошем... Бузургони кишвар ҳама медонанд, ки мо аз ҳеҷ куҷо интизори кӯмак нестем. Бинобар ин хоҳиш мекунам тамоми маволиён ва ғуломон ба лашкар сафарбар карда шаванд. Ғозиён аз ҳама шаҳру деҳоти кишвар даъват гарданд. Дар ин амр истиҳола варзидан ба масобаи хиёнат аст ва омилони ишон ба сахтарин кайфар расонда хоҳанд шуд. Аз деҳқонони арҷманд хоҳиш менамоем, дар кӯмак намудан ба лашкар аз ҳеҷ амри сар напечанд. Деҳқонони деҳистонҳои бузургтар бо сарбозони хеш ба ҷанг раванд. Мо бояд аз тамоми имконияти мавҷуда истифода барем. Ин бор мо ба воқеияте рӯ ба рӯ омадаем, ки сарнавишти кишвар ва ҳар кадоме аз моёнро ба тарзи инфиродӣ ҳал менамояд...

ТАВОВИС

Лашкари Амир Исмоил дар беруни девори Бухоро, аз ду тарафи шоҳроҳи Самарқанд мавқеъ гирифтааст. Сарбозон дар кори дуруст кардани чодарҳои хеш машғуланд. Амир Исмоил бо Хусайни Аъло ва Ҳамӯя бинни Алӣ болои гаревае нишаста, бар аспҳо минтақаро муояна менамоянд. Киштзорҳои сабзу хуррам ва чорбоғҳои дилкушо рӯйи дашт он ҷое, ки чашм мебинад доман кашидаанд. Дарахтон ғарқи гул.

Амир Исмоил: Дарегам аз ин киштзорҳову чорбоғҳои сабзу хуррам меояд. Фардо аз онҳо осоре ба ин дилрабоӣ боқӣ нахоҳад монд. Зери пои аспҳо, зери наъши сарбозон фосид хоҳанд шуд...

Хусайни Аъло: Шояд амир Наср ҳам аз он сӯ аз назораи ин манзар ба чунин фикр меояд.

Амир Исмоил: Шояд. Вале одам ҳангоме, ки асири ҳашми худ мешавад, чизе ба назараш наманамояд. Андешаи ӯ банди чӣ сон саркуб кардани хасмаш аст.

Ҳамӯя: Имрӯз хабар омад, ки амир Исҳоқ дар роҳи Байканд бо лашкари Истаравшан даргир шудаанд.

Амир Исмоил: Пас пешбинии мо дуруст баромад. Онҳо бо роҳи биёбон ҳам лашкар фиристодаанд, то роҳи Хуросонро барои мо бубаранд, то ҳангоми мунҳазим шудан

пешина
аз 675
навбатӣ