Зеҳн
Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа

АдабиётТаърих
Аз аввал хондан

гавҳарнишон бар тахти мурассаъ бо сари шер нишастааст.

Амир Исмоил: Мо худ ба истиқболи чунин ҳаводис мерафтем. Зеро медонистем, аз иғвои душмонон масун нахоҳем монд. Бинобарин ҷойи шигифтӣ надорад, ки бародари бузургворамон ба набарди мо меоянд. Хоҳиш мекунам, ҳар касе ки ҳанӯз дар худ шакку тардиде эҳсос мекунад, (Ба Симоъ-ал-Кабир ва Абӯяъқуб Исҳоқ менигарад) ба яқин дарк кунанд: Ин бор амир Наср ба касе гузашт наменамоянд.
Мо ҳама бар эшон осӣ эълом шудаем.

Симо-ал-Кабир: Амирам, мо ин ҷо барои таъмини оромуши кишвар таъин шудаем ва хилофи ин маъмурият амал карданамон, дар ҳақиқат хиёнат аст. (Ба Абӯяъқуб Исҳоқ менигарад. Ӯ бо сари хам аст).

Амир Исмоил: Шумо ва бародари азизамон Амир Исҳоқ дар ҳамфикрӣ бо мо муҷрим эълом шудаед. Агар то ҳамин лаҳза тардиде доред, метавонед аз маъмурияти хеш даст кашед. Мо ба раъйи шумо ихтилоф нахоҳем варзид.

Амир Исҳоқ: Агар бародари мо дар садоқати мо шакке доранд, ихтиёри ишон аст. Вале масъулияти ҳар маъмурият дар содиқона ва аз рӯи адлу дод анҷом шудани он аст. Дар акси ҳол хиёнат ба шумор меравад.

Амир Исмоил: Мо аз забони бародари азизи хеш ҳаминро шунидан мехостем. Ин ҳукми тақдир ва иғвои бадхоҳони мост, ки мо бо бародари бузургвори хеш рӯбарӯ мешавем.

Симо-ал-Кабир: Ман наметавонам бар хоҷаи хеш осӣ шавам. Дигар ихтиёр шуморост. Бо банда ҳар чӣ раво мебинед, ҳамон кунед.

Амир Исмоил: Бисёр хуб... Мо шуморо муваққатан маъзул мекунем, вале иҷоза намедиҳем аз Бухоро хориҷ шавед. Моро маъзур доред.

Симо-ал-Кабир аз ҷояш хеста ба сӯйи дар меравад ва Амир Исмоил бо ишорае сарбозонро ба дунболи ӯ мефиристад ва ба суханаш идома медиҳад:

  • Мо самимияти рафтори ғуломи падари хеш эҳтиром
    мегузорем... Вале ба касе иҷоза намедиҳем, ки дар чунин
    шароите муртакиби хиёнате шавад! Ҳанӯз барои муайян
    намудани майлҳо фурсат ҳаст. Бифармоед, боз ки мехоҳад аз ғуломи падари мо, аз сипаҳсолори мо пайравӣ кунад?!. Аз ҳамин лаҳза Ҳусайн бинни Аълоро сипаҳсолори
пешина
аз 675
навбатӣ