Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа
мазмун ҷониби Рофеъ расул бифиристед ва аз тасмимоти мо ӯро огоҳ созед. Дар нома шарту шароити сулҳеро, ки мо мехоҳем, бо тафсил баён намоед.
Абулашъас: Ба ниёбати хеш киро дар ин маъмурият ба Бухоро хоҳанд фиристод?
Амир Наср: Дар ин масъала намешавад шитобкорӣ намуд. Фикр мебояд кард. Як бор хато кардем бас аст...
Амир Наср ба фикри хеш фурӯ меравад: “Кош ин сулҳ дасисаи нави бародарамон набудад. Ман аз қавлу амали ӯ нигаронам. Ӯ шинохтаӣ нест!...’
БИЁБОН
Ҷодари амир Исмоил. Ҳусайни Аъло ворид мешавад.
Ҳусайни Аъло: Рофеъ бинни Ҳарсама имрӯзро ҳам барои лашкариёнаш рӯзи истироҳат эълон кардааст.
Амир Исмоил: Чаро?
Ҳусайни Аъло: Ӯ мегӯяд, ки сарбозон хеле хаста шудаанд.
Амир Исмоил: Ба ӯ бифаҳмонед, ки ин кор ба манфиати мо нест. Ғозиён аз ҳама вилоят ҷамъ шудаанд ва ба ҷанги мо меоянд. Он гоҳ масъала мушкил хоҳад шуд.
Ҳусайни Аъло: Ба ӯ фаҳмондам, вале ӯ қабул намекунад.
Амир Исмоил: Ман худам ба ӯ мефаҳмонам.
Ба хашм аз чодар бадар меравад. Бориши барф суст шудааст. Бод аз важидан мондааст. Вале ҳаво хеле сард аст. Амир Исмоил аз байни чодарҳо ба аҷала гузашта сӯйи хаймаи амири Хуросон меравад. Ҷодари амири Хуросон бо ранги сурх ва дар байни ҳамаи дигар чодарҳо пурҳашамат ба назар менамояд. Чанд сарбозе, ки ӯро ҳамчун муҳофиз ҳамроҳӣ мекарданд, беруни чодари Рофеъ мемонанд.
Амири Хуросон ба пешвози Амир Исмоил аз ҷояш мехезад.
Рофеъ: Бифармоед, амир.
Амир Исмоил: Фурсати нишастан нест. Агар имрӯз ба Тавовис нашавем, дигар дер хоҳад шуд.
Рофеъ: Ҳар коре ба хости худованд аст. Магар фақат ҷанг ягона роҳ барои расидан ба ҳадаф аст?
Амир Исмоил: Ғараз аз ин гуфта чист?
Рофеъ: Сулҳ ҳам як усули ҷанг аст, ба шарте агар ба ин

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё