Зеҳн
Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа

АдабиётТаърих
Аз аввал хондан

рӯй надорад. Ҳарф задан мехоҳад, вале аз шиддати ҳаяҷону сармояӯрдагӣ наметавонад.

Амир Наср: Ба худ заҳмат мадеҳ. Ба назди оташдон бирав, гарм шав, ту меҳмони мо ҳастӣ.

Марди сармохӯрда таъзимкунон ба назди оташдон меравад ва диккак нишаста дастонашро ба сӯйи шӯълаҳои оташ дароз мекунад.

Амир Наср: (ба сӯйи марди сармохӯрда нигариста). Чаро худоро хуш ояд! Агар яхгудоз шудӣ, сари дастурхон биншин.

Мард аз ҷояш хеста ба сӯйи аҳли маҷлис меояд. Сурхӣ ба гуноҳояш давидааст, вале ҳанӯз ҳаяҷонаш фурӯ манишастааст. Бо эҳтиёт шармгинона аз поён гузашта, дар муқобили амир Наср сари ду зону мешинад.

Амир Наср: Ҳиҷолат макаш, ғизо бихӯр.

Ӯ аввал бо ҳиҷолат даст ба таом мезанад, вале баъд бе ибо, далерона ба мисли гушназадагон хӯрок мехӯрад. Аҳли маҷлис бо табассум ба ӯ назора мекунанд. Мард баъди ҳар луқмаи фурӯ бурдааш шукрона ба худо мефиристад. Хизматгор болои сари ӯ истода, ба пиёлааш шарбат мерезад. Мард ҳангоми хӯрок хӯрдан ба касе эътибор намедиҳад, гӯё ҳузури шоҳро фаромӯш кардааст.

Абулашъас: Бародари мо Абоиброҳим чӣ ҳол доранд?

Мард бо шунидани ин пурсиш сар аз таом мебардорад ва дастонашро пок мекунад.

Мард: Онро намешавад ҳол гуфт. Сарбозону устурҳо аз гуруснагиву сармо ҳалок мешаванд. Мардуми шаҳру деҳот ба ишон хӯрокворӣ намедиҳанд.

Амир Наср: Бигӯ, амири Хуросон ба мо чӣ паёме фиристодааст?

Мард номаро аз бағал бароварда ба ду дасти адаб ба амир Наср дароз мекунад. Амир Наср номаро кушода мехонад ва дар чеҳрааш осори шодмонӣ ва ризомандӣ ҳувайдо мешавад.

Амир Наср: Амири Хуросон дар номаи худ шарту шароити сулҳро муайян нанамудааст.

Мард: Ин ҷиҳати масъаларо амири Хуросон ба салоҳияти тарафайни муҳосим вогузор намудаанд.

Амир Наср: Мо ба ин пешниҳоди амири Хуросон хеле хушнуд ва мувофиқ ҳастем. Оё амир Исмоил ба ин пешниҳод мувофиқ ҳаст ё не?

пешина
аз 675
навбатӣ